12 октябри соли 2024 дар бинои асосии кинотеатри «Ватан» рӯзи 1-уми Конфронси 9-уми умумиҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур барои ҳалли масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории ҳайвоноти ҷуфтсуми кӯҳӣ дар кишвари мо хеле муҳим аст. Дар ин чорабинӣ намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон, Чин, ШМА, Испания, Италия, Фаронса, Федератсияи Россия ва ғайра ширкат доштанд.
Дар доираи ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе экскурсия зери унвони “Шомгоҳони Душанбе” ташкил карда шуд. Дар ин сайру саёҳат ба меҳмонон ҷойҳои ҷолиб ва таърихии шаҳри Душанбе, аз қабили майдони Исмоили Сомонӣ, Боғи марказии ба номи А.Рӯдакӣ, чойхонаи «Роҳат» ва «Наврӯзгоҳ» ва дигар биноҳои таърихиро намоиш доданд. Дар рафти экскурсия роҳбаладҳо дар бораи расму оин ва анъанаҳои тоҷики нақл карданд, ки ин сафарро фаромӯшнашаванда гардонид.
Меҳмонон қайд карданд, ки шаҳри Душанбе хеле бароҳат ва меҳмоннавоз аст. Ба иштироккунандагони конференсия дастовардҳо ва ҷойҳои таърихии шаҳр писанд омад ва онҳо изҳори хурсандӣ намуданд, ки бори дигар дар чунин шаҳри зебо сайру гашт намоянд. Инштирокдорон барои имконият ҷиҳати беҳтар шинос шудан бо шаҳр ва мероси бойи он миннатдорӣ баён карданд!