Рӯзи гузашта рақобатҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2024 сурат гирифт. Дар ин давр “Истиқлол” дар сафар бо “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” дар хонаи худ бо “Хуҷанд” дидор анҷом доданд. Ҳарду рақобат ҳам бо як голӣ ба охир расид.
Вохӯрӣ миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд” дар варзишоҳи “Кӯлоб Арена”, дар ҳузури 10 ҳазор нафар мухлис доир гардида, бо ҳисоби 0 бар 1 ба нафъи “уқобҳо”-и хуҷандӣ ба охир расид. Ягона голро Деян Тумбас ҳамлагари Хуҷанд дар дақиқаи 80-ум ба нишон расонид.
Бозии аввали дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд 1 бар 1 ба охир расид буд. Ба ҳамин тартиб аз рӯи натиҷаи ҳарду бозӣ ҳисоб 2 бар 1 ба нафъи “Хуҷанд” шуд.
Бозии дигари ҷавобии даври ниманиҳоӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Талко Арена”-и шаҳри Турсунзода доир гардид. Ин вохӯрии ҳисоби минималии 0 бар 1 ба нафъи дастаи шаҳри Душанбе ба охир расид. Ягона голи рақобат дар дақиқаи 22-юм аз ҷониби Шервонӣ Мабатшоев ба нишон расонида шуд.
Дидори аввали дастаҳо 0 бар 2 ба нафъи бозигарони “Регар-ТадАЗ” ба охир расида буд. Ва дар маҷмӯъ аз рӯи натиҷаи ҳарду бозӣ ҳисоб 2 бар 1 ба нафъи дастаи шаҳри Турсунзода ба охир расид.
Ҳамакунун дар финали Ҷоми Тоҷикистон – 2024 дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” бо ҳам дидор аанҷом медиҳанд. Тавре ФФТ хабар медиҳад бозии ниҳоии ҷом дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир мегардад.