Имрӯз дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Констититутся-заминаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” барзузор гардид.
Дар кори он намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар ниҳодҳои дахлдор иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Мавқеъ ва нақши ҷавобгарии ҳуқуқии конститутсиони дар таҳкими ҳифзи Конститутсия», «Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузории кишвар», «Нақши телевизион ва радио дар рушди маърифати ҳуқуқии ҷомеа» ва дигар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ маъруза намуданд.
Шоҳиён Мансур, муовини якуми директори Радиои Тоҷикистон зимни баромади хеш иброз дошт, ки: “Радиою телевизион дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ки гурӯҳҳои ҷудогона ҷомеаи шаҳрвандиро ба сӯйи бенизомию беқонунӣ бурдан мехостанд, бо ташкили бахшу барномаҳои ҳуқуқӣ дар роҳи бунёди давлати қонунмеҳвар, огоҳии ҷомеа аз масоили ҳуқуқӣ, ҷиноятӣ, масъулияти ҷавобгарӣ барои амали нодурусти шахсӣ ва ғайра саҳми муносиб гузоштаанд”.
Дар фарҷоми ин конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ амалӣ иштирокдорон ба суолҳои худ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ посух гирифтанд.
Гулрӯ Ниёзова,
радиои “Тоҷикистон”