БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ТОТОРИСТОН

Имрўз дар мехмонхонаи Хайят Реҷенсии пойтахт  форуми тиҷоратии  Тоҷикистон ва Тотористон баргузор гардид. Дар Форуми мазкур вазири саноат ва технолигяиҳои нави Тоҷикистон, вазири савдову саноати Тотористон, Роҳбарони Палатаҳои савдову саноати ҳарду ҷониб, соҳибкорону намояндагони вазорату идораҳо ширкат доштанд. Таъкид гардид, ки форуми соҳибкорон ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, бахусус сармоягузорӣ, истеҳсолоти саноатӣ, дорусозӣ ва маориф, мусоидат менамояд ва ин имкон медиҳад, то гардиши мол густариш ёбад. Агар гардиши молу коло миёни ду кишвар  дар соли 2018 12,5 млн долларро ташкил дода бошад, ҳоло ба 37 млн доллар расидааст.

Дар форум вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир оид ба имкониятҳои ҳамкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди энергияи сабз суханронӣ намуда, ҷониби меҳмононро ба ҳамкорӣ бори дигар даъват намуд. Таъкид карда шуд, ки дар солҳои наздик ба маҳсулоте, ки ҳангоми истеҳсол ба атмосфера газҳои гулхонаиро бештар мекунанд, андози муайяни 14 фоиза гузошта мешавад, ки ин барои ҳам истеҳсолкунада ва ҳам истеъмолкунанда зарари молиявӣ мерасонад. Аз ин рӯ таваҷҷӯҳи соҳибкорони ҷаҳон маҳз ба иқтисоди сабз, энергияи сабз бештар мегардад, ки дар ватани мо фаровон истеҳсол карда мешавад.

Вазири саноат ва савдои Тотористон Олег Владимирович низ оид ба рушди ҳамкориҳо, нақшаҳо таъкид намуда, дар мавриди рушди энергияи сабз дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки: «Тотористон барои таъсиси Паркҳои технологӣ таҷрибаи хубе дошта, дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ онро таъсиси додааст ва барои таъсиси он дар Тоҷикистон накшаҳо омода мебошад».

Дар Форуми  тиҷоратии  Тоҷикистон ва Тотористон  барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба  истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, бунёд ва таъмини фаъолияти паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон, омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба барои соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон зарур шуморида шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ вохӯрии дуҷонибаи соҳибкор бо соҳибкор доир гардид ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Ш.Ахмад

радиои “Тоҷикистон