Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Садои дил» Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён баргузор мегардад. Аз соли 2007 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар мамлакат 10 октябр Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.
Ин мусиқи суннатии тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин санъати мусиқӣ чунин иброз доштаанд: «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқӣ аст, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми руҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».
Фалак мусиқии мардумӣ, фолклорӣ ва эҷодиёти халқ буда, асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст. Ин мусиқии суннатии тоҷик, ки дар худ ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро, аз қабили шашмақом ва фалак фаро гирифтааст, таърихи хеле қадимӣ дорад.
Ба андешаи мусиқишиносон, фалак намуд ва усулҳои иҷрокунандагии махсус дорад. Асосан ду намуди фалак — фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ шинохта шудааст.
Дар асри ХХ ва аввали асри ХХI сарояндагони хушовози ин жанри мусиқии суннатӣ — Бобохалил Одинаев, Ҳошим Қосимов, Махсуми Шакур, Раҷабмад Холов, Одина Ҳошим ва баъдтар Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Муҳаммадсафар Муродов, Ҷумъахон Сафаров, Раҳматулло Ҳошимов, Носир Сафаров, Диловар Суфиев ва дигарон низ ин падидаи нотакрори санъати мусиқии тоҷикро инкишофу тақвияти бештар бахшиданд. Имрӯз ин намуди санъати мардумиро мактаби нави фалаксароён -сарояндагони мумтози тоҷик идома медиҳанд. Умед аст, ки фалаки тоҷик дар оянда низ тавассути ҳунари волои чунин сарояндагон рушду инкишофи бештар меёбад.
Бояд гуфт, ки фалак – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки давоми асрҳо ҳамчун розу ниёз ва талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Он жанри мусиқии қадимии шифоҳӣ буда, давоми садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон ва аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то имрӯз расидааст.
Бо мурури замон рушди ҳунари фалакхонӣ ба ташаккули мактабҳои ҳунарии авлодӣ мусоидат намуд. Ин мактабҳои авлодӣ зимни услуби тадрисии устод–шогирд рушди бештар ёфтанд. Дар асри 20 онҳо ба ҳайси ансамблҳои оилавӣ расман пазируфта шуданд. Дар роҳи таърихии фалак вазифаи эҳё, нигаҳдорӣ ва ба насли дигар омӯзонидани ҳунари фалакхониро ҳамин мактабҳои устод–шогирд дар доираи авлод таъмин намудаанд. Фалакхонӣ тавассути ин мактабҳои суннатӣ густариш ёфта, то замони муосир сабки худро ҳифз намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли равон зимни мулоқот бо аҳли илму мамлакат оид ба идома додани мактаби устоду шогирд чунин таъкид доштанд: «Фаромӯш набояд кард, ки ин анъана дар таърихи халқи мо собиқаи тӯлонӣ дорад. Мо ҳамеша мегӯем, ки пайванди наслҳоро бояд ҳифз кунем ва идома диҳем».
Фалаксарои машҳури тоҷик, устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Раҳматулло Ҳошим иброз дошт, ки санъату ҳунари тоҷик аз қадим бо услуби устоду шогирд рушд ёфта, ҳамчунин идома дорад.
«Имрӯз таваҷҷуҳ ва шавқи фалаксароён ва омӯзандагони ин мусиқии асил хеле зиёд шудааст. Ба назари ман, ин ҳама таваҷҷуҳи ҷавонон аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат мебошад. Имрӯз мактаби фалаксароӣ ва сурудхонии устод Одина Ҳошим пойбарҷосту фаъолияти назаррас дорад. Аз ин мактаб фалаксароёни ҷавон ба арсаи ҳунар омаданд»,-гуфт Раҳматулло Ҳошим.
Мавсуф иброз намуд, ки «ҳар касе, ки ин жанрро интихоб менамояд, бояд дониши васеъ ва фаҳми воло дошта бошад. Дар фалаксароӣ танҳо доштани садои форам басанда нест. Барои ҳунарманд, хусусан овозхон маънии сухан дар мадди аввал меистад. Овозхон бояд дарк кунад, ки чӣ месарояд ва матни ӯ кадом маъниро ифода мекунад. Падарам ҳамеша талқин мекарданд, ки бояд адабиётро хуб омӯхт ва суханшинос буд».
Ба андешаи Раҳматулло Ҳошим, «баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» барои пайдо намудан ва кашфи симоҳои нави фалаксаро имкони хуб аст. Пас, метавон бо боварӣ гуфт, ки дар оянда аз ин насли наврас устодоне, ба мисли Акашариф Ҷӯраев, Ҳошим Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон баромада, жанри халқии фалакро ривоҷу равнақ дода, машҳури олам мегардонанд».
Ёдовар мешавем, ки 7 августи соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид. Зимни бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзии ин муассиса Савари давлат ба омӯзгорон ва масъулини соҳа дастур доданд, ки ба наврасону ҷавонон ҳама нозукиҳои фарҳангу санъатро омӯзонанд, то онҳо тавонанд муаррифи шоистаи санъати мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки наврасону ҷавонони дорои ҳунару истеъдод аз дигар муассисаҳо барои омӯзиш ҷалб карда шаванд, то аз беҳтарин шароиту имконияти дар ин ҷо фароҳамшуда васеъ истифода намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз
Манбаъ: АМИТ «Ховар»