Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла робитаҳои судманди байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо иштироки ҳайатҳои васеъ доир гардид.
Нахуст Рустами Эмомалӣ меҳмони арҷманд- Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ва ҳайати расмии кишвари ба мо дӯсту бародар- Эронро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Ҷонибҳо аз рушди бомароми ҳамкории бисёрҷониба байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон