Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба наздикӣ ба тасвиб расид. Мақсад аз қабуби ин қонун ба роҳи созанда таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Муносибати волидон ва ҷомеа дар камолоти инсонӣ ва тарбияи кӯдак нақши хеле бориз дорад. Яъне нақши оила ва ҷомеа дар таълиму тарбияи кӯдак хеле калон мебошад. Андешаҳои равоншинос Бибиҳафиза Маҷидова тақвияти ин гуфтаҳост: «Мактаби аввалини зиндагӣ падару модар ва аъзоёни калони оила аст, ки ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони хӯрд масъул мебошанд. Суст шудани эҳтироми фарзандон нисбат ба падару модар имрӯзҳо ба назар мерасанд. Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак на танҳо падару модар, балки ҷомеаро муваззаф кардааст, ки нисбат ба тарбияи насли наврас бепарвогӣ зоҳир накунанд».
Ӯ дар идомаи сӯҳбат ба баъзе аз омилҳое ишора кард, ки боиси госта гардидани робитаҳои оилавӣ мегардад. Ба гуфтаи ӯ таассуф аст, ки вақте ба нақлиёти ҷамъиятӣ менишинем, дар дасти ҳама телефонҳои мобилӣ, дар сари дастархон бе телефони мобилӣ касе наменишинад. «Мо дар сари дастархон барои чӣ менишинем? Охир, ин ҷамъомади оилавӣ аст, ки мо ҳамдигарро дар давоми рӯз надидем, то пазмонии худро, хумори худро шиканем. Аз ҳамдигар бипурсем, ки имрӯз чӣ дастовардҳо буд, ҳамроҳ хурсандӣ кунем. Имрӯз чӣ мушкилот буд, барои иҷро шудан ё бартараф шуданашон маслиҳату машварт кунем. Олами ботинии худро дарк намоем. Яке аз сабабҳои дур шудани падару модар аз фарзандон ва фазандон аз падару модар ҳам ана ҳамин истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ мебошад. Дар ин маврид меҳру муҳаббат ва иззату эҳтироми ҳамдигарӣ аз байн меравад»– мегӯяд, Бибиҳафиза Маҷидова.
Ҳангоми сӯҳбат Бибиҳафиза мегӯяд, ки дар сари дастархон нишастану бо телефонҳои мобилӣ машғул шудан ва ба ҳамдигар эътибор надодан, якум ҳамдигарро эҳтиром накардан, дуюм дур шудан аз анъанаи милии мо ва саввум дур шудани фарзандон аз таълиму тарбия мебошад. «Хуб мешуд, ки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ буда, ба онҳо вақт ҷудо мекарданд ва аз рафти дарсомӯзии фарзандон бохабар мешуданд. Ба фарзандон имкон медоданд, ки андешаҳояшонро иброз намоянд. Волидон гӯш дода, баҳри беҳтар шудани сатҳи таълиму тарбияи онҳо чораҳои зарурӣ меандешиданд»- гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардонидааст.
Новобаста аз ин, ба мушоҳида мерасад, ки аз ҷониби наврасону ҷавонон ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо содир мегардад, ки ин албатта аз бемасъулиятии волидон дарак медиҳад. Вобаста ба ин мушкилот бо Саидзода Баҳрулло, муовини сардори шуъбаи огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамсӯҳбат шудем, ки зимни сӯҳбат чунин гуфт: «Дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои муноқишаҳои гурӯҳии ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла мактаббачаҳо, ки ба воситаи силоҳи сард ҷиноят содир мекунанд, ба назар мерасад. Шумораи ҷиноятсодиркунандагон нисбат ба соли гузашта камтар шуда бошад ҳам, вале ҳоло ҳам ташвишовар аст. Дар миёни ноболиғони ҷиноятсодиркарда ҳам духтарон ва ҳам писарон ба қайд гирифта шудаанд. Аксарияти онҳо истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе буда, қисми дигари онҳо аз дигар ноҳияҳои гирду атрофи ҷумҳурӣ мебошанд. Ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард содир мегарданд, ки баъзе онҳо ба ҳолати марг оварда мерасонад. Дигар ҷиноятҳое, ки ноболиғону ҷавонон содир мекунанд, дуздӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ мебошад, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба ташвиш овардааст. Ноболиғоне ҳастанд, ки бо истифода аз корд ҷиноят содир карда, бо худ олотҳои буррандаву халанда мегардонанд, аз қабили, корд, кастет, электрошокер ва ғайраҳо». Ӯ мегӯяд, ки бевосита ин ҷиноятҳое, ки дар боло қайд кардем, байни ҷавонону наврасон бениҳоят ташвишовар аст. Байни мактаббачаҳо задухӯрд ба амал меояд, ки дар натиҷа ба воситаи силоҳи сард зарбаи ҷисмонӣ мегиранд, дар аксар маврид ба фоҷиа анҷом меёбад. Ин албатта, алалхусус, аз беназоратии волидон ва бемасъулиятии онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон дарак медиҳад. «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз ҷавонон аз тамошои наворҳои интернетии ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстромистӣ таҳти таъсири онҳо афтида, мафкураашон вайрон ва фирефтаи дастаи онҳо мегарданд. Дар ҳамон ҷо аз беэҳтиётиву беаҳамиятӣ як лайк мемонанд, ки як умр дар рӯйхати сиёҳ ворид мегарданд. Ба ҳамин хотир, вазифаи волидон ва ҷомеа аст, ки дар тарбияи ҷавонону наврасон беаҳамиятӣ накунанд»- изҳор дошт ӯ.
Ҳарчанд, таълиму тарбия дар мадди аназар аст, вале ҳанӯз ҳам волидони зиёде нисбат ба ин вазифаҳои тарбиявии худ хунукназарӣ зоҳир менамоянд. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб аст, ки дар ҷомеа баъзан амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад. Беназоратии волидайн нисбати наврасону ҷавонон, беаҳамиятӣ, хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд асоси сарчашмаи ҳамагуна амалҳои номатлуб аз ҷониби наврасону ҷавонон мебошад, ки дар натиҷа падару модарон низ тибқи вайрон намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбия кӯдак» ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Зимни сӯҳбат дар ин хусус, Саидзода Баҳрулло иброз намуд, ки: «Ҳамчунин нисбат ба падару модарон, ки қонуни мазкур «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро риоя накардаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба суд равона шудаанд. Чунки фарзандони ноболиғи онҳо дар масҷидҳо намоз гузоштаанд, ба таълимоти ғайриқонунии динӣ рафтаанд, дар марказҳои компютерӣ иштирок кардаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби ноболиғон дар раванди дарс халалдор кардани атрофиён, ба марказҳои диллерӣ рафтан, талбандагӣ, оворагардӣ кардан ва дигар кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ, ки боиси ташвиши ҳам аъзоёни оила ва ҳам кормандони ВКД гардидааст, ба назар мерасад».
Ояндаи миллату давлат вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак аст. Аз ин хотир, дар таълиму тарбияи кӯдак на танҳо оила, муассисаҳои таълимӣ ва худи ҷомеа низ масъул аст. Ҳам волидонро ва ҳам ҷомеаро мебояд пайваста дар талош бошанд, ки баҳри таълиму тарбия ва дар рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ асос гузоранд. Бояд зикр намуд, ки бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард. Тарбия ва ба камол расондани фарзанд дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст, зеро танҳо оилаи солиму соҳибмаърифат метавонад фарзанди хубро тарбия намуда, ба камол расонад.
Зарина Мухторзода,
радиои “Тоҷикистон”