7 октябри соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи байналмилалии исломшиносии Малайзия (IAIS) ва Китобхонаи оммавии Селангор ба номи Раҷа Тун Уда чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и безаволи ӯ таҳти унвони “Шоҳнома: шоҳасари адабӣ” бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, узви оилаҳои подшоҳӣ, устодони донишгоҳҳо, намояндагони вазорату идораҳо, илму фарҳанг, рӯзноманигорон ва меҳмонони сершумори кишвари иқомат доир гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ оид ба саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома ”-и ӯ дар ҳифз ва нигоҳдошти таъриху тамаддун ва забони форсу тоҷик суханронӣ намуда, иброз дошт, ки “Шоҳнома” ҳамчун нигораи адабии мардуми форсизабон яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадима дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Намоиши мусаввараҳо, инъикоси филми мустанад дар бораи Ҳаким Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”, ки аз ҷониби Сафорат таҳия шудаааст, ва пахши филми ҳунарии “Рустам ва Сӯҳроб” аз бахшҳои асосии чорабинӣ буд. Илова бар ин, дар доираи чорабинӣ гӯшаи алоҳидаи фарҳангу санъати миллии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид, ки дар он меҳмонон бо маҳсулоти суннатӣ, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва китобҳои Шоҳнома шинос гардиданд.
Намоиши мусаввараҳо барои тамошои оммавӣ то 17 октябри соли 2024 идома хоҳад кард ва мардуми маҳаллӣ имкон пайдо менамоянд, ки бо бузургтарин асари адабиёти форсу тоҷик шинос гарданд.