Имрӯз дар толори МД- ии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Душанбе – пойтахти тоҷикон ва шаҳри сулҳ” баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарону намояндагони вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ, ташкилоту муасисаҳо, Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода оғоз гардида, мавсуф зикр дошт, ки Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг- пойтахти Тоҷикистон буда, ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Т
аъкид рафт, ки баҳри амалӣ гаштани нақшаҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ, саҳми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ назаррас мебошад. Воқеан шаҳри Душанбе қалби Тоҷикистон буда, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат яке аз шаҳрҳои амнтарин эътироф гардида, имрӯзҳо бо 22 шаҳрҳои дунё робитаҳои ҳамкориро дар самтҳои мухталиф ба роҳ мондааст.
Дар рафти ҳамоиши мазкур аз ҷониби дигар ширкаткунандагон низ вобаста ба таъриху пайдоиши шаҳри Душанбе, ободкорию созандагӣ рушди босуръати Душанбе дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид.