7 октябр дар шаҳри Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуданд.
«Ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ дар ҳошияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд тавассути тавсеаи тиҷорати мутақобил, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба рушди мутаносиби иқтисодии давлатҳои иштирокдор мусоидат намояд», — таъкид намуд Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазир ҷонибдори таҳияи бодиққат ва касбии Нақшаи марҳилаи дуюми (солҳои 2026-2030) татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод барои давраи то соли 2030 буда, изҳори умедворӣ кард, ки ин «харитаи роҳ» ба мустаҳкам шудани мавқеи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти давлатҳои иштирокдор мусоидат менамояд.
Дар заминаи масъалаҳои амниятӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи ҷонибдории Тоҷикистон вобаста ба андешидани тадбирҳои пешгирикунанда дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ сухан намуд. Сироҷиддин Муҳриддин давлатҳои Иттиҳодро даъват намуд, ки дар Конфронси навбатии байналмилалӣ, ки аввали моҳи ноябр аз ҷониби Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳукумати Кувайт дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» дар шаҳри Ал-Кувайт баргузор мегардад, иштирок намоянд.
Аз натиҷаи ҷаласа вазирон Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳа байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои соли 2025, Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2025-2026 оид ба татбиқи Стратегияи ҳамкории байналмилалии ҷавононро тасдиқ намуда, тасмим гирифтанд, ки чаҳор ташкилоти нави заминавӣ дар соҳаҳои фаъолияти адвокатӣ, воситаҳои ахбори омма ва инкишофи ҳаракати ихтиёркорон таъсис дода шаванд.
Ҳамзамон якчанд изҳороти муштарак оид ба масъалаҳои мубрами рушди минтақавӣ ва байналмилалӣ қабул гардид.