Санаи 7 октябри соли 2024 дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон Ҷаноби Валид бин Абдурраҳмон Алрешайдон баргузор гардидааст.
Ба иттилои сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо лоиҳаи Созишномаи байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо Вазорати ҳифзи муҳити зист, об ва кишоварзии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, мубодилаи таҷриба байни кормандон, рақамикунонии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба Конфронси тарафҳои СММ оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ СОР 16-ро, ки аз 2 то 13 декабри соли 2024 дар шаҳри Эр-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрии мазкур дар фазои якдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои судманд бо хушнудӣ ба мувофиқа расиданд.