Мусобиқа аз 2-юм то 6-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт идома ёфт. Дар он 531 варзишгар, аз 67 кишвари 5 қитъаи ҷаҳон иштирок доштанд.
Сабқатҳо дар 14 вазн – 7 вазн миёни мардон ва 7 – вазн миёни бонувон сурат гирифтанд.
Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 ҷудокор ташкил медоданд, ки танҳо ду нафар варзишгари мо тавонист ба гирифтани нишонҳои мусобиқа даст ёбанд.
Ин нишонҳо, якеаш нуқра буд, ки онро Лоиқ Қутбиддинов дар вазни 60 кг ба даст овард. Нишони дигари варзишгарони тоҷик биринҷӣ буд, ки онро Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг ба гардан овехт.
Аз рӯи ба даст овардани маҷмӯи медалҳо мунтахаби Тоҷикистон бо 2 нишон дар ҷои 12-ум қарор гирифт.
5 кишваре, ки шумораи бештари медалҳои мусобиқаро ба даст оварданд инҳоянд:
- Ҷопон 13 – медал, (6 – тилло, 5 – нуқра ва 2 – биринҷӣ)
- Чин 3 – медал (1 – тилло ва 2 – нуқра)
- Фаросна – 4 медал (1 – тилло, 1 – нуқра ва 2 – биринҷӣ)
- Ӯзбекистон – 4 медал (1 – тилло ва 3 – биринҷӣ)
- Кореяи Ҷанубӣ – 2 медал (1 – тилло ва 1 – биринҷӣ)
Дар рақобатҳои даставӣ мунтахаби Ҷопон қаҳрамон гардида, Фаронса мақоми дуюмро касб кард. Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон медалҳои биринҷии рақобатҳои даставиро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон соҳиб гардиданд.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”