Имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, рӯзи чорум ва ниҳоии рақобатҳои инфиродии Чемпионати ҷаҳон оид ба Ҷудо миёни наврасон доир гардид.
Дар рӯзи охирини рақобатҳои инфиродӣ, сабқатҳо дар 4 вазн – дар вазнҳои -100 ва +100 миёни мардон ва дар вазни -78 кг, +78 кг миёни бонувон баргузор шуд.
Дар рӯзи чорум Тоҷикистонро 5 паҳлавон дар мусобиқа намояндагӣ карданд, ки мутаассифона ҳамаашон дар марҳилаи муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гаштанд.
Дар рақобатҳои +100 кг Тоҷикистонро ду ҷудочӣ муаррифӣ карданд, ки инҳо Фараҳманд Устопиров ва Аҳмад Табаров буданд.
Устопиров аз Фазлиддин Рафиқов ҷудочии ӯзбек ва Табаров аз Муҳаммад Маҳдии эронӣ ба бохт рӯ ба рӯ шуданд ва бо мусобиқа падруд гуфтанд.
Дар миёни гаронвазнҳои занона бошад дар рӯзи чорум ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистонро як нафар муаррифӣ намуд. Ин Викториа Киселева дар вазни +78 кг буд, ки ӯ ҳам дар даври аввал аз варзишгари турк Йилмаз Ямур шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид.
Ду ҷудочии дигари мо Муҳсин Малаев ва Парвиз Абдураҳмонов буданд, ки дар вазни то 100 кг барои нишонҳо мубориза карданд.
Малаев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм ҷудочии ҳамсоякишварамон Ча Нинги чиниро мағлуб карда, ба даври сеюм баромад. Дар даври сеюм бо ҷудокори дигари ҳамсоякишварамон Маҳмадсодиқ Содиқов аз Ӯзбекистон рақобат карда мутаассифона шикаст хӯрд.
Парвиз Абдураҳмонов бошад дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо варзишгар аз Олмон Пир Эдерери 20 сола гуштин гирифта, ӯро тариқи иппон мағлуб намуд ва ба даври сеюм баромад. Дар даври сеюм паҳлавони мо бо варзишгари эронӣ Алиризо Нексиришт даст ба гиребон шуд ва бо гирифтани баргаи сурх хориҷ гардид ва ғолибият ба Нексиришт дода шуд.
Ба ҳамин тартиб рақобатҳои инфиродӣ барои ҷудокорони тоҷик бо ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба охир расид.