Дар Олмон маркази нави таълимии кайҳоннавардӣ кушода шуд, ки он ба омӯзиши технологияҳо ва усулҳои марбут ба самти кайҳонӣ равона шудааст. Тавре агентии иттилоотии франспресс хабар медиҳад, дар сохтмони маркази таълимӣ зиёда аз 900 тонна ҷинсҳои вулканӣ сарф шудааст. Ин марказ ба мутахассисон, муҳандисон ва донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар муҳити воқеӣ таҷриба гирифта, барои парвоз ба Моҳ омодагӣ бинанд. Дар давраи омӯзиш кайҳоннавардон бо принтерҳои 3D низ кор хоҳанд кард. Таҷҳизотро дар Моҳ дар оянда барои сохтани манзил низ истифода бурдан мумкин аст.