Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

5 октябри соли 2024, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати хосса дорад, самимона табрик мегӯям.

Масъалаи таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариш бахшидан ба доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар сиёсати давлати мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз яке аз масъалаҳои афзалиятнок ва аввалиндараҷа мебошад.

Яъне имрӯз забони давлатӣ, ки дар умқи таърих реша дорад, зери ҳимояи бевоситаи давлат қарор дошта, барои рушду пешрафт ва истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё мебошанд.

Дар ин замина, бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат давра ба давра ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030» қабул ва амалӣ шуда истодаанд, ки ба татбиқи саривақтии муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидаанд.

Вале ин нуктаро низ ёдовар бояд шуд, ки забони давлатӣ ба ғамхориву пуштибонии доимӣ на танҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, балки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли сокинони мамлакат ниёз дорад, зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он рамзи устувориву пойдории давлат ва истиқлоли сиёсии мо дар замони пурошӯби имрӯза мебошад.

Миллати шарафманду бостонии тоҷик илму фарҳанг, таъриху адабиёт ва ҳаёти маънавии худ, яъне расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои рангоранги хешро бо ҳамин забони пурғановат офарида, аз насл ба насл ба мерос гузоштааст.

Мо, хушбахтона, забони адабии ширину шевое дорем, ки аз рӯзгори Сомониён то ба имрӯз асолати худро нигоҳ доштааст.

Ба ибораи дигар, осори дар замони давлатдории ин сулолаи миллӣ эҷодшударо хонандаи имрӯза баъди беш аз ҳазор сол ба осонӣ мефаҳмад.

Дар посдории забони миллӣ ва пойдориву бақои он адибони асрҳои миёна – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик – саҳми бузурги таърихӣ гузоштаанд.

Хусусан, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Адиб Собири Тирмизӣ, Низомӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлонои Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Соиб, Сайидо, Бедил, Шоҳин ва садҳо нафари дигар барои ғановату мондагории забони ширини тоҷикӣ нақши барҷаста бозидаанд.

Мутафаккирону олимони сатҳи ҷаҳонӣ борҳо эътироф кардаанд, ки дар таъриху тамаддуни башарӣ тоҷикон ҳамчун мардумони ориёитабор яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарияшон, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Беҳуда нест, ки Гёте – шоири маъруфи олмонӣ Ҳофизи Шерозиро «малик – уш – шуарои ҳамаи дунё» хитоб кардааст.

Борҳо гуфтаам ва бори дигар хотирнишон менамоям, ки таъриху фарҳанги миллати шарафманди тоҷик бо забони модарӣ пайванди узвӣ ва ногусастанӣ дорад.

Яъне миллати куҳанбунёди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро тавассути ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Итминони комил дорам, ки забони модарии мо ин рисолати худро ҳазорсолаҳои дигар низ идома хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои рушду такомул ва инкишофу таҳаввули забони тоҷикӣ шароиту имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард.

Ҳоло забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбарҳои баландтарини дунё, аз ҷумла созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад.

Имрӯз ҷаҳониён миллати моро бо номи тоҷик, яъне ориёӣ давлатамонро бо номи Тоҷикистон ва забонамонро бо номи забони тоҷикӣ мешиносанду эътироф ва эҳтиром менамоянд.

Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки забони модарии ширину шево ва шоиронаи худро ҳифз кунем, барои боз ҳам сайқал додану ғанӣ гардонидани он талош намоем ва саҳм гузорем.

Ҳадаф аз ташаббуси мо дар бобати ба нашр расонидан ва ба ҳар як хонаводаи мамлакат туҳфа кардани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.

Аз ҷониби дигар мо мехоҳем, ки калимаву ибораҳои ноби тоҷикӣ ва дар маҷмуъ, асолати забони модарии худро дар марҳалаи муосир ҳифз намоем.

Забони тоҷикӣ, дар замони нави давлатдории миллии мо барои тақвияти муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат рисолати бештар ба зимма дорад.

Дар ин раванд, ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ ва истифодаи васеъ аз имконоти фаровони луғату истилоҳоти он аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳои забон дар даврони муосир ба ҳисоб мераванд.

Моро зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони давлатӣ ва ба пояи забони илми муосир расонидани он дастҷамъона кӯшиш намоем.

Донишмандони моро зарур аст, ки асарҳои илмии худро бештар ба забони давлатӣ таълиф кунанд ва дар рушду пешрафти забони тоҷикӣ саҳми сазовор гузоранд.

Мо бояд забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ба роҳ монем.

Мо бояд кӯшиш намоем, ки фарзандону набераҳоямон ҳанӯз аз муассисаи томактабӣ сар карда, забони тоҷикиро хуб аз худ намоянд, аз фарҳанги миллӣ ва осори маънавии ниёгон огоҳии комил дошта бошанд ва дар баробари азхудкунии техникаву технологияҳои муосир аз китобу китобхонӣ дур нашаванд.

Таъкид менамоям, ки забон аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад, зеро он рукни меҳварӣ ё шаҳсутуни давлатдорӣ ва ҳастии миллати тоҷик бо таърихи беш аз шашҳазорсола буд, ҳаст ва мемонад.

Қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони шаҳдбори миллату давлатамонро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем, зеро он забони модарии мо мебошад, онро эҳтирому эҳтиёт кунем ва ҳамеша дар андешаи поку беолоиш нигоҳ доштани он бошем.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, барои ҳифзи ин сарвати бузурги миллӣ ва рушду таҳкими минбаъдаи он барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед, ҳамватанони азиз!

Рӯзи забони давлатӣ мубораку фархунда бод!