Масъулини комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон мужда доданд, ки иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон дар рӯзи якум 100 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бори аввал нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар қаламрави вилояти Хатлон дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро гардид. Маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар вилоят дар рӯзи аввал ва пеш аз муҳлат ҷамъбаст шуда, ҷавонони шуҷоъ ва далери Хатлон ба хизмати содиқона ба Ватан раҳсипор шуданд.
Наваскарон дар муддати 10 рӯз ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим мешаванд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир шумораи ҷавонписароне, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мераванд, зиёд шуда, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Ин нишони он аст, ки масъулини мақомоти вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз як мавсим то мавсими даъвати дигар мувофиқ ба талаботи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватиро барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар бар мегирад, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Инчунин захираи даъватшавандагонро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муайян ва мушаххас менамоянд.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1 октябр оғоз шуда, то 30 ноябр давом меёбад.
Ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.