Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Дар ҳамоиш ҷавонони солҳои таваллуди 1997-2006-и ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки «дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон доданд».
Дар ҳамоиш ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил барои адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан омодаи хизмат гардидаанд, миннатдорӣ баён гардид.