Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди
вилояти Хатлон озод намудани Хидирзода Б.Э.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Хидирзода Батир Эргаш бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 октябри соли 2024
№876