Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дари як хонаеро боз карданд, ки сокини он аз ҳуш рафтаву ба садоҳои беруниён попух намедод.
Ба иттилои КҲФ соати 9-и субҳи рӯзи 29-уми сентябри соли равон нозири минтақавии милитсияи ноҳияи Сино-1 ба қисми навбатдории КҲФ занг зада ва хабар додааст, ки дар бинои бисёрошёнаи 37/1 воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ сокинонону ҳамсоягон аз он дар изтиробу ташвишанд, ки ҳамсояи боло манзили онҳоро зери об кардааст, вале на ба зангҳои телфонӣ посух медиҳад ва на ба даркӯбии ҳамсояҳо.
Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, бо таҷҳизоти махсус дарро боз карданд. Ва чун вориди хона шуданд, занеро диданд дар фарш беҳуш хобида буд. Ин зан иҷорашин буда, 49 сол доштааст.
Наҷотдиҳандагон занро ба дастаи духтурони мошини Ёрии таъҷилӣ супурданд.