28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Неругоҳи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.
Сарвари давлат баъди боздид аз маҳалли бунёди неругоҳ ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуда, барои вусъати корҳо ва назорати сифат дар назди коргарон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Президенти кишвар таъкид карданд, ки неругоҳи “Роғун” барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо “Роғун”-ро беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон накардаем.
Ба таъкиди Президенти кишвар ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ ва пурра ба истифода додани иқтидорҳои он барои кишвари мо аҳаммияти ҳаётӣ дорад.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар назди коргарону мутахассисони неругоҳ вазифа гузоштанд, ки ҷараёни корҳои сохтмон бо истифода аз шароиту имкониятҳои иқтисодиву молиявӣ ва техникаву технологияҳои замонавӣ тезонида шуда, иншоот бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, иқтидорҳои навбатии неругоҳ ҳатман дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки тавассути ду агрегати аввали неругоҳ аз солҳои 2018 — 2019 то имрӯз 7,5 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.
Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2008-2024 Ҳукумати кишвар барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст.
Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 адад расонида шудааст, аз ҷумла дар давоми солҳои 2023 — 2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шуд.
Бунёди неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудааст, ки амалисозии онҳо ба ҳамдигар вобастагии мустақим дорад ва қафомонӣ дар яке аз лотҳо боиси пайдо шудани монеъа дар кори дигар самтҳо мегардад.
Аз ин лиҳоз, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки фармоишгар — Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии Роғун” ва пудратчиҳо ширкатҳои “Трактебел”, “Вибилд”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, “Тунел Садди Ориёно” ва “Корхонаи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак ташкил ва таъмини босуботи ҷараёни корҳоро дар байни лотҳо боз ҳам беҳтар танзим ва ҳамоҳанг созанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун”, таъмин намудани сифати онҳо ва ба истифода супоридани иқтидорҳои навбатии неругоҳ дар назди Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмону баистифодадиҳии иқтидорҳои “Неругоҳи барқи обии Роғун”, Вазорати молия, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар фароварди суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба коргарони неругоҳ барои расидан ба рӯзҳои боз ҳам беҳтару босаодат саломатӣ ва барори кор орзу намуданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода, Намояндаи Ширкати “Вибилд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фабио Гуэрино, Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Иқбол Сафаров, Директори Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Корхонаи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои корҳои сохтмон дар Неругоҳи обии “Роғун” ба Сарвари давлат гузориш доданд.