Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар маросим ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ ба андозаи аз 7 500 то 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” намояндагон аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва коллеҷу донишгоҳҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар оғози маросим Масрур Абдуллозода – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа суханронӣ карда, иброз намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар қатори дигар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои ташаккули афкори солим ва созандаи насли наврас саҳми арзанда мегузорад.
Дар идома Ҳафиз Раҳмон намояндаи ҳакамони озмун баромад карда, қайд намуд, ки китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ як мактаби бузурги илмӣ бо сарчашмаҳои дақиқ ҳастанд, ки бо азбаркардани онҳо ҷаҳонбии хонандагону донишҷӯён ҳам аз ҷиҳати таърих, фарҳанг ва сиёсию иҷтимоӣ мукаммал мегардад.
Дар идома 10 нафар ғолибони ҷойҳои намоёни озмун бо диплому мукофоти пулӣ ва 21 нафар ҷойҳои ифтихорӣ бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
Гулнисо Содиқзода донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён буда, дар озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” сазовори ҷойи якум гардид ва бо диплому мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки асарҳои Пешвои миллат ҳам барои донистани таърих ва ҳам баланд гардидани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони кишварамон мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз 24 то 27-уми сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ гузаронида шуд. Бояд гуфт, ки мақсад аз ташкил ва баргузории озмуни мазкур ин омӯзиши ҳарчи бештари асарҳои Пешвои миллат ва тарғиби сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”