Имрӯз дар бинои Кохи Афсарон конференсияи илмӣ – таърихӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ дар мавзуи “Аҳамияти таърихии Ғалабаи халқҳои советӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ солҳои 1941-1945” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи кишвар, иштирокчиёни чорабинии байналмилалии “Москва пойтахти Ғалабаи Бузург: хотираи наслҳо” ва Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок намуданд.
Дар конференсия Дилрабо Мансурӣ муовини Сарвазири мамлакат суханронӣ карда, иброз намуд, ки бо ибтикор ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати иширокчиёни ҶБВ пайваста ғамхориҳо зоҳир карда, дар ҳар як иду маросимҳо ба онҳо кӯмакпулиҳо дода мешавад.
Дар идома Василий Петрович Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Иттифоқи байналмилалии “Иттиҳоди ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорони (нафақахӯрони) давлатҳои мустақил” баромад карда, қайд намуд, ки ҶБВ дар баробари хисороти моддӣ, талафоти зиёди инсонӣ ҳам дошт, аммо дар баробари дигар халқҳои совети барои ба даст овардани ғалаба саҳми ҷавонмардони шуҷои тоҷик хеле зиёд буд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷанги бузурги ватанӣ, ки аз соли 1941 то 1945 давом кард аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони ҷанг сафарбар шуданд, ки аз ин шумора 92 ҳазор нафарашон қурбон шуданд. Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон 22 нафар иштирокчиёни ҶБВ дар қайди ҳаёт ҳастанд, ки пайваста зери ғамхории ҳукумату давлат қарор доранд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”