27-уми сентябр ҳар сол Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ таҷлил мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ, бахусус дар солҳои Истиқлол, ба яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар табдил ёфтааст. Дар давоми солҳои охир, бо шарофати сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар, махсусан бо эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (2019-2021), имкониятҳои нави сайёҳии Тоҷикистон рушд карданд.
Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанг ва Кумитаи рушди сайёҳӣ, шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар солҳои охир ба маротиб афзоиш ёфта, инфрасохтори сайёҳӣ низ бо тарзи муосир таҷдид ва такмил ёфтааст. Бунёди меҳмонхонаҳо, хостелҳо, хатсайрҳои нав ва марказҳои иттилоотӣ барои сайёҳон дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва таърихӣ, шароитҳои фароҳамро барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ муҳайё сохт.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон тавонист фарҳанги бой ва табиати нотакрори худро ба ҷаҳон муаррифӣ кунад. Рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла саёҳатҳои экологӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, дар оянда низ барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии кишвар ва ҷалби сармоягузорӣ нақши муҳим мебозад.
Қаландар Норов,
радиои “Тоҷикистон”