Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ҳоло аз ҷониби кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дорад. Аз ҷумла аз аввали мавсими чиниши пахта то ба ҳол дар кишвар ба миқдори 4101,7 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 9,6 сентнерро ташкил медиҳад
Ҳамзамон, ҷамъоварии ҳосили гандум дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ низ идома дошта, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 207620 гектар кишти гандум гузаронида шуд, ки то моҳи сентиябр дар майдони 207001 гектар даравида, 206704 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 647831 тонна ва ҳосилнокӣ 31,3 сентнерро ташкил медиҳад. Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳоалати 20.09.2024 дар майдони 306966 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Аз аввали мавсим майдони 292908 гектар даравида, майдони 280745 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 865448 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 30,8 сентнерро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣдар майдони умумии 37613 гектар картошка кишт карда шудааст, ки то ба ҳол аз ин шумора майдони ҷамъоваришуда 21891 гектар буда, ҳосили умумӣ 389912 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар майдони 39978 гектар кишти сабзавот, аз ҷумла помидор 217488 гектар, бодиринг 121003 гектар ва дар майдони 135536 гектар дигар намуди сабзавотҳо гузаронида шудааст.