Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба футзал – Португалия бозии арзанда нишон дод, вале мутаассифона бо фарқияти як туб шикаст хӯрд.
Шоми гузашта дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон оид ба Футзал, тими миллии Тоҷикистон дар чаҳоргонаи “Е” бо дастаи мунтахаби Португалия вохӯрӣ анҷом дод. Ин дидор дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и шаҳри Тошканд сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 3 ба рафъи португалиҳо ба охир расид.
Ҳарду Голи Тоҷикистон дар қисми дуюми бозӣ зада шуд, ки муаллифи ин голҳо Алиев ва Бахтиёр Солиев гардиданд. Варела, Зики Те ва Эрик бошад голҳои Португалияро ба нишон расониданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур, Марокаш бар Панама бо ҳисоби 6 бар 3 пирӯз гардид. Ба ҳамин тартиб баъд аз 2 давр Португалияю Марокаш пешсафони гурӯҳ маҳсуб мешаванд. Тоҷикистон ва Панама бе имтиёз ҳастанд.
Дар даври 3-юм Тоҷикистон бо Панама ва Марокаш бо Португалия дидор анҷом медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳоло ҳам имкони баромадан ба даври 1/8 ниҳоиро дорад. Дар ҳоли пирӯз гардидан бар Панама ва натиҷаи дилхоҳ дар гурӯҳҳои дигар, тими миллии Футзали Тоҷикистон имкон пайдо мекунад то ба плей-офф барояд.
Аз 6 дастае, ки дар мавқеъҳои 3-юм ҷой мегиранд 4 дастае, ки натиҷаҳои беҳтар дорад, соҳиби роҳхати марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон мегардад.
Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”