Ҳадафи асосии ба имзо расонидани ҳуҷҷати мазкур — ин ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд байни маъмурияти МОИ «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Koshuma» дар самти ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии мазкур маҳсуб меёбад.
Дар доираи он бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ, паркҳои технологӣ, озмоишгоҳҳо, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли қисмҳои нақлиёти мошингард бо истифодаи технологияҳои пешрафта ва таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Корея ба нақша гирифта шудааст.
Ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Корея барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намуда, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи устувор мегузорад.