Имрӯз, соати 17:20, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ баъди намоз дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба бадани раиси Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо асбоби халандаю бурранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳангоми андешидани чорабиниҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҷинояткор сари вақт дастгир карда шуд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар натиҷаи авбошӣ аз тарафи ҷинояткор ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси табибон ба ҷойи зисташ гусел карда шуд.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.