Дирӯз дар боғи фарҳангиву фароғатии Умари Хайёми ноҳияи Сино бо иштироки раиси ноҳияи Саидзода Тоҷиддин Ниёз, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ноҳияву шаҳрӣ Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Сино, муовини Раиси шаҳр ва намояндагони мақомотҳову идораҳо аз ярмаркаҳои таъсисдодашуда назар карда, дастуру супоришҳо барои иштирокчиён бо нархҳои арзон дастрасии маҳсулот дода шуд.
Дар қисми навбатӣ ба аҳли сокинони ноҳия консерт баргузор шуд, ки мардум бо хурсандӣ ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона пешвоз гирифтанд.
М. Пардаев