Баҳси доғе, ки миёни корбарон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ҳоли ҷараён аст, атрофи баландшавии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия мебошад, ки қаблан ҳам дар бахши «Афкор»-и барномаи «Бозтоб» роҷеъ ба ин мавзўъ матлабе доштем. Азбаски дар чанд гурӯҳи маъруфи тоҷикӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук роҷеъ ба ин масъала изҳори густурдаи ташвишу нигарониҳо аз ҷониби мардум сурат гирифта истодааст, лозим донистем, ки бори дигар ба ин мавзуъ руҷуъ кунем ва аз шарҳу андешаҳои корбарон иқтибос орем.
Ҷойе Салоҳиддин Айюбӣ, як истифодабаранда иброз доштааст: Бо баланд бардоштани нархи наво шояд тоҷирон ҳадафи ҳарчӣ зудтар фурўхтани маҳсулоти муҳлати истифодабарияшон кам мондаро доранд!? Ман фикр мекунам, ки маводи хўрокаи муҳлаташон каммонда дар анборҳо зиёд аст ва бо баланд шудани нарх дар бозор бо арзиши маъмулӣ онро ба мардум мефурўшанд ва иддао мекунанд, ки маҳсулоташонро бо нархи арзон ба фурўш гузоштаанд. Дар банди дуввуми матлаби худ ин муаллиф сабаби дигарро пеш овардааст: беқурбшавии асъори миллӣ дар баробари рубли русӣ, ҳарчанд Бонки миллӣ ба таври сунъӣ пеши роҳи ин садд мегузорад, яъне камтар нишон медиҳад, аммо бозор қонуну қоидаҳои худро дорад ва онро тағйир додан амри маҳол аст.
Дар посух ба Холиқназар Ҷумъаев, рўзноманигори тоҷик, ки ба гуфтаи ў 1 кг шакарро аз як бозори Душанбе чанде пеш 10 сомонӣ дастрас кардааст, Хуршед Оев навиштааст: Бо арзиши ҳамин миқдор маблағ шумо аз бозорҳои шаҳри Санкт Петербург 2,5 кг шакар мехаред.
Корбари дигар дар ҳоле аз як нуқтаи фурўш дар бозори «Деҳқон»-и маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе, ки онҷо шакар бо арзиши 6 сомонӣ ба фурўш гузошта шудааст, ёдовар мешавад, ки ба гуфтаи Абдураҳмон Раҳмонов, як фаъоли иҷтимоӣ навбатпойӣ барои харид дар ин фурўшгоҳ солҳои аввали 90-умро ба хотир меорад.
Дар робита ба мавзўи мавриди баҳс, Раҳима Ҷўраева, яке аз мубоҳисон зикр кардааст: Пеш аз баёни андеша оид ба ин масъала бояд хамаи нархҳои берун аз Тоҷикистонро мушаххас кард. Ман аз ахбори дигар мамлакатҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт кардам, ки дар Русия, Белорус, Украина ва Қазоқистон, ки мо аз ин кишварҳо бештар ҳар гуна маҳсулот ворид мекунем, нархҳо ба таври назаррас баланд шудааст.
Сабаби боло рафтани нархи махсусан орд, равған ва шакарро Лаззат Диловаров, як корбар дар он донистааст, ки феълан роҳҳои тиҷоратӣ байни Душанбе –Москва, Душанбе-Тошканд ва Душанбе-Кобул баста аст, аммо муаллифи ин гуфтаҳо ба таври фаврӣ аз Азиз Нақибзод чунин посух гирифтааст: Ҳеҷ роҳе баста нест!
Марҳабохон Турсунзода, як бонуи корбар нигоштааст: Фурӯшандаҳо диданд, ки маоши кормандони буҷетӣ 15 фоиз зиёд шуд, зуд нархро дар бозорҳо ба таври ғайричашмдошт баланд бардоштанд. Ин тоифа ҳеҷ дар андешаи камбағалҳо ва пиронсолон нестанд, ки бечораҳо дар ин маврид чӣ кор мекунанд. Ин муаллиф, ки зоҳиран сокини шаҳри Панҷакент аст, дар идома афзудааст: Маъмурияти бозори Панҷшанбе аз пайи ҷамъоварии пули расид нашаваду як баромада бозорро назорат кунад, мефаҳмад, ки чӣ қадар ба таври сунъӣ арзиши маҳсулот баланд шудагӣ.
Яке аз роҳҳои паст кардани арзиши ҳар гуна маҳсулот дар бозорҳоро Абдувоҳид Камолиён дар пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ донистааст. Ба гуфтаи ў, мақомот агар андозро баланд бардоранд, бо паст кардани нархи маҳсулот ё дар ҳолати маъмулӣ нигоҳ доштани он, соҳибкор муфлис мешавад.
Аммо дар хотимаи ин баҳс Меҳрубон Аҳмадова, як бонуи корбар бо итминон навиштааст: Аллакай нарх ба ҷояш расид ва поин бурдани он мушкил аст.
Дар охир ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ашўрбой Солеҳзода, муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар робита ба болоравии нархи маҳсулоти асосии истеъмолӣ – равғани растанӣ, орд ва шакар ба расонаҳо гуфта буд, яке аз сабабҳои асосии афзоиши нархи равғани растанӣ ин нокифоя будани ҳаҷми истеҳсоли он дар ҷумҳурӣ аст. Бино ба иттилои ӯ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 15 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3% зиёд мебошад.
Мавсуф дар бораи боло рафтани қимати орд омили хориҷиро муассир арзёбӣ карда, баён дошта буд, Тоҷикистон гандумро барои коркард ва истеҳсоли орд асосан аз Қазоқистон ворид менамояд.
“Сабаб — болоравии нархи орд дар ин кишвар маҳсуб меёбад. Масалан, тибқи маълумоти сомонаи kazakh-zerno.net дар пойгоҳи “Бекобод” – и Қазоқистон дар моҳи сентябри соли 2020 нархи миёнаи як тонна гандуми дараҷаи 3 278,5 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои миёна моҳи июл 2,2% ва нисбат ба моҳи январ 3,3% боло рафтааст”
Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор дошт, шакар дар Тоҷикистон маводи ғизоиест, ки талаботи дохилии аҳолӣ пурра аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Вай афзуд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 119,3 ҳазор тон шакар ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4 ҳазор тон зиёд мебошад.
“Мутобиқи маълумоти Иттиҳоди истеҳсолкунандагони шакари Россия, ки содиркунандаи асосии ин намуди маҳсулот ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, эҳтимол аст, ки ҳаҷми истеҳсоли шакар дар мавсими солҳои 2020 – 2021 (1 августи 2020 – 31 июли 2021) 19-23% коҳиш ёбад. Сабабҳои коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли шакар кам гаштани майдони кишти лаблабуи қанд, кам шудани ҳосили шакар аз як гектар, афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ, захираҳои зиёд дар аввали мавсим ва аз кор мондани якчанд заводи шакар дар Русия арзёбӣ мешаванд”, — иттилоъ додааст Ашӯрбой Солеҳз Хидирназаров Дилшод
Дилшоди Муҳаммад
радиои “Тоҷикистон”