Масъулони шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар дар шароити имрӯз фарҳанги истифодаи нерӯи барқро хеле муҳим медонанд. Ба ин хотир аз чониби масъулони соҳа низ пайваста чораҳои муассир амалӣ карда мешаванд. Тавре дар ин хусус масъулини шабакаҳои барқи шаҳр ба хабарнигори минтақавии Радиои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Акрамов иттилоъ дод, зимни санҷишҳои нозирони хадамоти фурӯши барқи шаҳр нисбати 340 нафар, ки ба қоидавайронкунӣ даст задаанд санад тартиб дода шуда, ба мақомотҳои прокуратура ва суд ирсол шудааст.
Паст намудани талафоти неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он дар маркази таваҷҷуҳи масъулони шабакаҳои барқи шаҳр қарор дорад, мегӯяд Аҳлиддин Шарифов сардори хадамоти фурӯши барқи шаҳри Бохтар. Ба гуфтаи мавсуф дар шароити имрӯз болоравии фарҳанги истифодаи неруи барқ хеле муҳим мебошад: “ Ба муштариён зарур аст, ки дар фасли сармо аз таҷҳизотҳои худсохт худорӣ намоянд ва сарфаҷӯии неруи барқро риояи ҳатмӣ донанд. Гарчанде мо фарҳанги истифодабрии неруи барқро миёни аҳолӣ фаҳмонида истодаем мутассифона боз ҳам ҳолатҳои напардохтани ҳақи истифодаи неруи барқ аз ҷониби сокинон ба қайд гирифта мешавад”.
Ба гуфтаи Аҳлиддин Шарифов сардори хадамоти фурӯши барқи шаҳри Бохтар дар нуҳ моҳи соли сипаришуда дар шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар 112 миллион килловат неруи барқ ворид гардида, талафоти барқ 1 фоиз кам шудааст. Дар назди шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар низ қарздорӣ зиёд аст. Барои бартараф кардани он чораҳои зарурӣ андешида истодаем, мегӯяд Аҳлиддин Шарифов, сардори хадамоти фурӯши барқи шаҳр: “ Дар шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар қарз то ба имрӯз 90 милллионро дар бар мегирад, ки аз ин 34 миллионаш ба аҳолӣ рост меояд. Ташкилоту муассисаҳои буҷҷетии шаҳр 3 миллиону 750 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд ва дигар ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ қарздор мебошанд. Аз он ҷумла қарзҳои калон дар соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар корхонаҳоро ба қайд гирифта шудааст. Мо ба нақша гирифтаем, ки то ҷамъбасти сол ин қарзҳоро бо роҳҳои ҳалшаванда бартараф намоем. Ҳамчунин нисбати қарзорон ба мақомоти прокуратура идао пешниҳод карда шудааст, ки алакай аз тарафи суди шаҳри Бохтар нисбати нафарони қарздор ҳалнома бароварда шудааст, ки бояд пурра ба шабакаҳои барқ қарзҳои худро пардохт намояд ”.
Дар шаҳри Бохтар гоҳ- гоҳ мушоҳида мекунем, ки барқ хомӯш мегардад. Сабаби инро Аҳлиддин Шарифов чунин шарҳ дод: ” Аз тарафи муштариён агар дархост шавад барои таъмри хати интиқоли неруи барқ мо аз як то ду соат барқро хомуш менамоем ва баъди иҷрои корҳои васлгароӣ боз барқро таъмин менмоем. Дар ҳудуди шаҳр ҳоло лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва ин масъала бевосита таҳти назорати роҳбарияти соҳа қарор дорад.”
Маҳмадмурод Каниев сардори Раёсати назорати давлатии энергетика дар минтақаи Бохтар муҳимтарин вазифаи раёсати мазкурро дар кам кардани талафоти барқ, таъмини муштариён бо барқи хушсифат ва дар ин самт роҳандозӣ кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ медонанд. Ба гуфтаи Маҳмадмурод Каниев имрӯз пешравиҳо дар соҳаи энергетика зиёд аст ва фарҳанги истифодаи неруи барқ хеле муҳим мебошад: “ Ҳамаи корҳои мо барои кам кардани талафоти неруи барқ, пешгирӣ кардани садамаҳо ва гирифтани ҳақи истифодаи неруи барқ мебошад. Зеро мо дар асоси маблағҳои ҷамъоваришуда кори худро пеш мебарем ”.
Масъулони шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар мегӯянд, ки тамоми чораҳоро андешида истодаем, то дар мавсими сармо ҳеҷ як мушкилӣ пешорӯи истифодабарандагони барқ набошад.
Нуралӣ Давлат, Маҳмадалӣ Акрам
барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”