“Садои мардум”: Ҳамкории муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ дар сатҳи паст аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон, истифодаи рӯзафзуни нақлиёти барқӣ дар кишвар, таъмини амнияти миллӣ ба василаи ҳифзи зотҳои маҳаллии чорво ва дигар мавзӯҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 август мақолае бо номи “Тоҷикистон ва Қазоқистон. Дар муносибатҳои дӯстона уфуқҳои нави ҳамкорӣ фатҳ мешавад” чоп карда, муносибатҳои Душанбе ва Остонаро тайи се даҳсолаи охир баррасӣ кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, дар баробари рушду тавсеаи робитаҳои судманд ва посухгӯ ба манофеи миллӣ бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар минтақа дорои зарфиятҳои хос аст, афзалият медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки аз оғози муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистон 31 сол сипарӣ гардида, феълан муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра сатҳу сифати нав касб менамоянд.

Ҳоло пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар хеле қавӣ гашта, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳанд.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 22 август дар доираи сафари давлатии Қосим-Ҷомарт Тоқаев президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон 16 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» имзо намуданд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин хабар медиҳад, ки аз ин ба баъд ҳамаи соҳибони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ҳангоми бақайдгирӣ дар БДА бояд рақами давлатии сабз гиранд. Ба гуфтаи Рустам Мирзомуродзода сардори раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, чунин талабот мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли 2024 ҷорӣ карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2023 ба Тоҷикистон 3316 мошини барқӣ ба маблағи умумии 59 миллион доллар ворид карда шуд. Танҳо дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ бошад ба кишвар 5266 мошини барқӣ ба маблағи умумии 76,4 миллион доллар ворид гардидааст, ки ин 26,7 дарсади шумораи умумии мошинҳои воридшударо ташкил медиҳад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре хабар додааст, ахиран дар Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи чорводории Тоҷикистон, Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар шарикони хориҷӣ Конфронси байналмилалии илмию амалии «Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ» баргузор гардид.

Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ин конфронс гуфт, ки дар кишвар асосан, селексияи мардумӣ шуҳрат дошта, шахсоне, ки ба ин кор машғул буданд, давоми солҳои зиёд зотҳои беҳтарини чорворо ба вуҷуд оварданд. Зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, маҳсули селексияи мардумӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки то якуми августи соли ҷорӣ дар кишвар чорвои майда зиёда аз 7 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин қариб 3 миллионашро навъи гӯсфанди ҳисорӣ ташкил медиҳад. Нақши гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар такмили маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор ва офаридани зотҳои нав дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон хеле назаррас буда, бо истифодаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон зоти гӯсфандони тоҷикии сергӯшту равған ва серпашм офарида шуданд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 19 август мусоҳиба бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзодаро нашр кардааст. Дар ин мусоҳиба вазъи илму маориф дар кишвар баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи Қобилҷон Хушвахтзода, воқеан ҳам, сарфи назар аз дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон, дар кишвар ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бозёфтҳо аз фанҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд.

Вай дар идома гуфт, ки дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил додани саҳми илми ватанӣ, қонеъкунанда нест ва аз ин рӯ, фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намудану иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор додан минбаъд мадди назар хоҳад буд.

Номбурда дар идома меафзояд, ки яке аз падидаҳои манфию ташвишоваре, ки дар вохӯрӣ роҷеъ ба он ибрози назар шуд, сатҳи пасти равобити муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони ватанӣ мебошад. Яъне, то кунун роҳҳои татбиқи самараноки қонуни марбутаи давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ мушаххас нагардидаанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар хулосаи ин мавзӯъ таъкид мекунад, ки тибқи таҷрибаи ҳосилшуда рушди илм замоне имконпазир мегардад, ки истеъдоди фитрӣ, арҷгузорӣ, рақобати солим таъмин ва масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ дар фаъолияти илмӣ мавҷуд бошанд. Дар навбати худ, эътироф нашудани истеъдоди асил, худбоварии мутлақ, дарк накардани иштибоҳи худ ва муғризона будани муносибатҳои илмӣ боиси заъфи илм хоҳад шуд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 21 август бо нашри матлабе ин саволро матраҳ кардааст, ки Тоҷикистон дар пешгирӣ аз вуруди бемории сироятии обилаи маймун чӣ чора андешид? Муаллиф ёдовар мешавад, ки феълан дар ҷаҳон зиёда аз 14 ҳазор нафар аз “обилаи маймун” сироят ёфта, беш аз 500 нафар фавтидаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки барои пешгирӣ аз мавридҳои гирифторӣ ба бемории “Обилаи маймун” мусофиронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе месанҷанд. Бахусус онҳоеро, ки аз Африқову Аврупо меоянд. Ба гуфтаи Ҷаъфаров барои муайян кардани ин навъи беморӣ тест дастрас нест, “аммо нишонаҳои он мушаххас буда, бо азназаргузаронӣ мушоҳида мешаванд”. Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, то ба имрӯз дар Тоҷикистон ҳолати гирифторӣ ба  бемории “обилаи маймун” сабт нашудааст.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 22 август бо нашри мақолаи таҳлилие сабаби болоравии нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, тибқи омори расмӣ, ки қимати гӯшт 3,4% боло рафтааст, аммо воқеият нишон медиҳад, ки нархи ин маҳслуот аз 15%  бештар афзудааст. Айни замон як кг устухондор 90-100 сомонӣ ва гӯшти беустухон бо нархи 150 сомонӣ фурӯхта мешавад. Бо ин вуҷуд дар Тоҷикистон камбуди гӯшт нест ва саршумори чорво низ зиёд аст.  

«Мо 99,9 дарсади аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, аммо сабаби пайваста боло рафтани нархи он афзоиши талабот ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷи кишвар аст», — мегӯянд дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Бар асоси омори расмӣ дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 127 ҳазор тонна (бо вазни зинда) гӯшти гов ва гӯсфанд истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2023 14,6 дарсад зиёд аст. Аз ин миёни 88 дарсади истеҳсоли гӯшт ба аҳолӣ рост меояд.

Муаллифи матлаб бо такя ба назари коршиносон менависад, ки ҷиҳати танзими нархи гӯшт дар Тоҷикистон пеш аз ҳама бояд барои рушди хоҷагиҳои зотпарварӣ сармоягузорӣ кард, зеро дар кишвар зоти говҳои гӯштӣ қариб, ки вуҷуд надорад. Барои ин кор, роҳи соҳибкорон барои хариди зоти говҳои гӯштӣ аз хориҷро бо пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ осон кардан лозим аст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”