Се номинатсияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид

То анҷоми даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» рӯзҳои ба шумор боқӣ монд. То имрӯз номинатсияҳои “Адабиёти классики тоҷик”, “Адабиёти муосири тоҷик” ва «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» ҷамъбаст гардида, номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ва номинатсияи “Эҷоди назму наср” идома дорад.

Имрӯз ҳам дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома кард ва иштирокчиён бо тайёрии ҷиддӣ омаданд. Ноҳида Идиева донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон буда, иштирокчии озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” мебошад. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки агар имсол ғолиб наояд рӯҳафтода намешавад ва боз соли оянда бо тайёрии бештар дар озмун иштирок менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари андӯхтани донишу малака, инчунин ба эҷодкорони навқалам имкон медиҳад, ки истеъдоди худро муаррифӣ карда, нозукиҳои соҳаи эҷодро бештар омӯзанд. Назокат Иқболхонова донишҷӯи курси дуюми ДБССТ буда, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи “Эҷоди назму наср” дар бахши назм иштирок менамояд. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки қариб ҳама шеърҳои худро мувофиқи низомнома пешниҳод кардааст ва умедвор аст, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» савияи дониш ва ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон ва ҷавонон, инчунин дигар қишри аҳолии кишварамонро баланд бардошта, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дар онҳо бедор менамояд. Бояд гуфт, ки имсол барои ғолибони озмун 4 570 000 сомонӣ  ҷудо гардид, ки дар муқоиса ба соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”