Баррасии тақвияти ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ

22 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) доктор Асад Маҷид Хон вохӯрӣ намудааст. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории  бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Низомиддин Зоҳидӣ ба Дабири кулли навтаъйини Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат ба рушди фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ изҳор кард.