Имсол ҳунармандони Ансамбли давлатии «Фалак» дар Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ»  иштирок менамоянд

Аз 26 то 30 август дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Кишвари моро дар ин фестивал ҳунармандони Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд. Дар назар аст, ки дар доираи фестивал дар мавзуи «Фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ: асосҳои ҳамоҳангии эҷодӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардад. Ҳадафи ин фестивал муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллатҳои гуногун мебошад.

Сарвинози С.