20-21 август дар шаҳри Душанбе дар доирам сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Рӯзҳои кинои Қазоқистон баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Гуфта шуд, ки рӯзҳои кинои Қазоқистон 20 август, соати 17:30 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Шамшери алмосӣ» ифтитоҳ меёбанд. 21 август, соати 10:00 филми «Амалиёти Набот» ва соати 17:00 филми «Дос Мукасан» дар кинотеатри ба номи «Тоҳир Собиров» — и шаҳри Душанбе намоиш дода мешаванд.
Ҳамчунин 22-23 август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ҳам доир мегарданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд. Дар назар аст, ки 22 август дар шаҳри Душанбе барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва санъати тасвирии Қазоқистон доир гардад. Илова бар ин 24 август дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи консертии ҳунарпешагони қазоқ пешниҳод мегардад. Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар низ Рӯзҳои кинои Қазоқистон ва барномаҳои консертӣ доир мегарданд.
Сарвинози С.