Имрӯз 17 уми август, даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Рашт бо иштироки ҳайати ҳакамон аз доираи адибону устодони шинохтаи ҷумҳурӣ, намояндаи Вазорати маориф ва илми кишвар, инчунин намоянда аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Дар оғоз муовини раиси ноҳияи Рашт Хушмаҳмадзода баромад, намуда, ба иштирокчиён ва ҳайати ҳакамон барору муваффакият таманно намуд. Ҳамчунин намояндаи вазорати маъориф ва илми кишвар Муҳибулло Низомзода аз шоҳкориҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин озмун он чароғест, ки моро ва насли нави моро ба ояндаи дурахшон мунаввар раҳнамун месозад. Илова бар ин, Раҳимзода Алишер, номзади илмҳои физика ва математика, намояндаи АМИТ дар тақвияти дигарон афзуд, ки имрӯз дастгириҳо ва ғамхориҳои Президенти кишвари мо нисбат ба насли наву ҷавон бемислу беназиранд. Чунин роҳкӯшоӣ то қуллаи баланди донишу маънавият ва фарҳангу тамаддун, бешак кори фарзонагон аст.
Салими Хатлонӣ, адиби тоҷик, роҳбари ҳайати доварон низ ба ин андешаҳо зам намуд, ки китоб инсонсоз асту, миллате, бар китоб дил мебандаду чунин сарваре дорад, ки барои фарҳангу маънавиёт замина муҳайё карда, маблағҳои ҳангуфт ҷудо месозад, фардои равшане онро дар пеш аст. Ва дар охир ба иштирокчиён муваффакият барор таманно намуданд. Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Рашт рақобаткунандагон ва ё иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Сангвор ширкат мекунанд.