Дастаи “Реал Мадрид”-и Испания дар суперҷоми Аврупо бошгоҳи “Аталанта”-и Италияро шикаст дода, барои 6-умин маротиби соҳиби ҷоми мазкур гардид ва дар мусобиқа рекорд гузошт.
Шаби гузашта дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Аталанта” дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Варшаваи Полша бо ҳам дидор анҷом доданд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи дастаи “Шоҳона” ба анҷом расид.
Голҳоро аз ҳайати дастаи “Реал Мадрид” Федерико Валверде дар дақиқаи 59-ум ва Киллиан Мбаппе ҳамлагари ҷадиди мадридиҳо дар дақиқаи 68-ум ба ҳадаф расониданд. Винисиус Ҷуниор ва Ҷуд Беллингем партофҳои головарро таъмин намуданд. Килиан Мбаппе дар аввалин бозии худ дар “Реал Мадрид” ин ҷоизаро ба даст овард.
Ба ҳамин тартиб “Реал Мадрид” маротибаи 6-ум ин ҷомро ба даст оварда, дар мусобиқа рекорд гузошт. Дастаи “Шоҳона” аз “Барселона” ва “Милан” пеш гузашт, ки ҳар кадоме 5 маротибаӣ ин ҷомро болои сар бардошта буданд. Дар маҷмӯъ, Мадрид дар Суперҷоми УЕФА 9 бозӣ карда, шаш ғалаба ва се бохт дорад.
аз саҳифаи расмии УЕФА
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”