Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баромад карда, ҳунару маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон намуданд.

Имрӯз иштирокчиёни даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинасияҳо дар толорҳои алоҳида баромад намуданд. Имсол мувофиқи тағйиру иловаҳои ба низомномаи озмун воридгардида номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва омори шифоии озмун ба се гурӯҳ ҷудо карда шуд, он имкониятҳои ғолиб шудани иштирокчиёни ин номинатсияро зиёд намуд.  Сумая Авазова хонандаи синфи 4 – уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 – и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, соли якум аст, ки дар озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи “Адабиёти класики тоҷик” иштирок мекунад. Номбурда зимни суҳбат бо мо гуфт, ки барои даври шаҳрӣ тайёрии хуб дидааст ва умедвор аст, ки ба ҳама саволҳои аъзои ҳакамон ҷавобҳои дуруст медиҳад. 

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни озмуни имсола шумораи ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз 121 адад дар соли гузашта ба 126 адад расонида шуд. Ҳамчунин шумораи шоҳҷоиза бошад аз 1 адад ба 4 адад расонида шуд. Омина Сафарова хонандаи синфи 4 – уми Муассисаи таҳсилоти гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе буда, дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи “Адабиёти класики тоҷик” иштирок менамояд. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки аз бар кардани шеър ва хондани қиссаву достонҳоро меписандад ва мехоҳад, ки дар ин роҳ донишҳои худро инкишоф диҳад.

Иштирокчии дигари озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсия “Адабиёти муосири тоҷик” Зулайхо Каримова хонандаи синфи 3 – и Муассисаи таҳсилоти гимназияи “Андешаи пок” буда, соли якум аст, ки дар озмун иштирок мекунад. Ӯ аз баромади имрӯзаи худ қаноъатманд аст ва умедвор аст, ки то даври ҷумҳуриявӣ рафта сазовори ҷойи намоён мегардад.

Қайд кардан зарур аст, ки даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе аз 15 то 22 август идома мекунад. Имсол барои ғолибони озмун 4 570 000 сомонӣ  ҷудо гардид, ки дар муқоиса ба соли гузашта 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”