Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Вокуниш ба маводи иғвоангез дар ВАО” брифинг баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз вазорату идораҳои марбута, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва муқими Тоҷикистон, Кумитаи танзим, анъана ва ҷашну маросим ва намояндагони ВАО- и дохилу хориҷи кишвар ширкат варзиданд.
Зимни чорабинӣ Фарух Шарифзода муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат вобаста ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иброз дошт, ки аз рӯзи аввал иҷрои талаботи Қонуни мазкур натиҷаҳои назарраси молиявӣ ва иқтисодӣ дар самти ҳимояи манфиати шаҳрвандии ҷумҳурӣ дод. Боиси таассуф аст, ки бархе аз созмону ниҳодҳои алоҳида ва воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ меъёрҳои Қонуни мазкурро нодуруст шарҳу тавзеҳ додаанд, ки ин қобили қабул нест.
Дар хусуси ба масҷид нарафтани занон Саидмукарам Абдулқодирзода раиси Шӯрои уламои кишвар зикр дошт, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ба мардону занон ҳуқуқҳои баробар фароҳам овардааст ва аз тарафи мақомоти ваколатдор ягон хел маҳдудият пешбинӣ нагардидааст.
Дар шарҳи ин масъала тавзеҳ дода шуд, ки масъалаи ба масҷид нарафтани занҳо ҷанбаи динию мазҳабӣ дошта, аз лиҳози қонун дар ин самт ҳеҷ гуна маҳдудият мавҷуд нест. Дар рафти ҳамоиш доир ба мавзӯъҳои пӯшидани либоси динӣ, манъи иштироки ноболиғон дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи дин аз ҷониби дигар иштирокчиён маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа гардид.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”