Фардо, 14 август, соати 08:00 ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ Париж – 2024 фаъолона иштирок карда, натиҷаҳои хуб ҳам ба даст оварданд ба ватан бармегарданд. Варзишгарони тоҷик ва ҳайати олимпии кишвар тариқи хатсайри Париж — Тошканд — Душанбе ба назди пайвандони худ хоҳанд омад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Бозиҳои 33-юмини тобистонаи олимпӣ Париж-2024 санаи 26 июл дар шаҳри Парижи Фаронса расман оғоз гардид ва то 11 август идома кард. Дар бозиҳо аз рӯйи 32 намуди варзиш 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Варзишгарон барои 329 маҷмуи медалҳо бо ҳам мубориза бурданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии варзишии сол 14 нафар варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла:
– дар ҷудо, Эмомалии Нуралӣ (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг);
– дар бокс Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Давлат Болтаев (-92 кг);
– дар таэквондо Мунира Абдусаломова дар вазни +67 кг;
– дар гӯштини тарзи озод Виктор Рассадин дар вазни то 74 кг,
– дар шиноварӣ Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов – ба масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр;
– дар варзиши сабук Фаворис Музрапов дар дав ба масофаи 100 метр муаррифӣ карданд.
Аз ин 14 варзишгаре, ки Тоҷикистонрро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 намояндагӣ намуданд, се варзишгари мо тавонист медали биринҷӣ ба даст орад, ки ин назар ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 натиҷаи хуб буд. Ду медалро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ба даст оварданд. Медали сеюмро муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг соҳиб гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки ба медалдорони мусобиқа барои ҷои 3-юм, ки 3 варзишгари мо онро ба даст оварданд Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи 200 000 сомонӣ тақдим мегардад. Ҳамзамон бар ин нафароне, ки ҷойҳои 3-юмро сазовор мегарданд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд. Илова бар ин Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба дорандагони медали биринҷӣ, 10 ҳазор доллари ИМА тақдим мекунанд.
Фардо соати 8:00 ҳайати олимпии мунтахаби Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалӣ фуруд хоҳанд омад ва аз тамоми ҳаводорони варзиши тоҷик ва умуман сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал меорем, ки бияёнд ва парчамбардорони ватанро, ки бо шарофати онҳо парчами Тоҷикистон дар шаҳри Париж парафшон гардид, арзанда истиқбол гиранд.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”