ҲАДАФҲО ВА ДУРНАМО: РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ САБЗ БАҲРИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Имрӯз моро зарур аст, ки ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем”.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳифзи муҳити зисти солим аз муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ҳамчун заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи башарият мебошад. Амнияти экологӣ, ҳамчун қисми амнияти миллии кишварҳои алоҳида ва дар маҷмуъ амнияти минтақавию ҷаҳонӣ буда, шарти асосии рушди устувори ҷомеа ва воситаи ҳифзи системаҳои табиӣ мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ, роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ ҳамчун заминае мебошад, ки ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Ба ин муносибат дар соҳаи муносибатҳои амнияти экологӣ ҳамаи мушкилотҳои мавҷуда ба соҳаҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Дар байни ин мушкилоти экологӣ, яке аз тамоюлҳои муосир ин мушкилоти обшавии пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ мебошад.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намуданд, ки дар ҷараёни ҳалли мушкилотҳои  мавҷудаи экологӣ бо мақсади амнияти экологӣ танҳо як кишвар дар алоҳидагӣ ноил шуданаш имконнопазир аст. Дар ҳамин ҳол, барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарурат ба миён омад, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон корҳои ташаббускорӣ анҷом дода шавад. Мо ин вазъиятро дар ҳалли масъалаи обшавии пиряхҳои калонтарини минтақа ва ҷаҳон равшан мушоҳида мекунем.

 Имрӯз ба ҳамагон маълум гаштааст, ки масъалаҳои тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ва дигар мушкилот дар оянда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дошта, хисороти зиёдеро ба бор хоҳад овард.  Вобаста ба ин ташаббусҳои хирадбунёду ояндасози сатҳи байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ, амнияти экологӣ, ҳифзи пиряхҳо, таъмини аҳли сайёра бо оби ошомиданӣ бузург буда, ҳалли онҳо дар пешгирии паёмадҳои офатҳои табиӣ ва ҳифзи саломатии аҳли сайёра такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳамин аст, ки аз замони расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушди соҳаҳои кишвар ба ташаббусҳои башардӯстона низ таваҷҷуҳ ва нигоҳи аҳли сайёраро ба ин мушкилот ҷалб карданд.

Барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар ҷаласаи 54-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид чунин пешниҳод намуданд, ки соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи 54-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Моҳи марти соли 2003 дар шаҳри Киотаи  давлати Ҷопон конференсияи байналмилалии «Об – манбаи ҳаёт» баргузор гардид. Дар он Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» эълон карда шавад ва ин пешниҳоди Президенти мамлакат дар сессияи 58-уми Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардид.

Аввалин маротиба соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.

Маҷмаи Умумии СММ 21 декабри соли 2016 Қатъномаеро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 давлати узви СММ қабул намуд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон шуд, ки  аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар нахустин ҷаласаи онлайнии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки 7-уми ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар Конференсияи 27 ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки “…хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон ва аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад…”

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конференсияи мазкур аз иқдомоти Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз обшавии пиряхҳо ёдовар шуда, маротибаи дигар пешниҳод намуданд, ки соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи мушаххасро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати пиряхҳо муайян карда шавад. Боиси ифтихор аст, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул намуд. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 153 кишвари узви СММ пуштибонӣ намуда, қабул намудаанд. Боиси хушнудист, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – (эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар ҳамин сол, яъне соли 2025 баргузор намудани Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе) аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфт, ки барои  роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ нақши муассир дорад.

Мавриди зикр аст, ки ҳифзи захираҳои оби мамлакат, ки дар пайи обшавии пиряхҳо коҳиш меёбанд, бунёди обанборҳои миёна ва хурд ва афзоиши ҷангалҳо дар навоҳии кӯҳӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикороти ҷаҳонии хеш тавонистанд, ки миллату халқияти гуногунро баҳри ҳалли ин мушкилоти сайёра, ки дар мисоли пиряхҳои Тоҷикистон зикр кардем, муттаҳид намуда, аз тарафи дигар, арзишҳои фарҳанги экологии халқи соҳибтамаддуни тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва тарғиб намоянд.

 Маврид ба зикр аст, ки истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зист вазифаи тамоми кишри ҷомеа  мебошад. Ҳоло экология ва ҳифзи муҳити зист яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ, пешрафти давлат ба шумор меравад.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо аксарияти ҳодисаҳои номатлуби дар табиат ба амалоянда ба ҳолатҳои дахолати инсон ба муҳити зист иртибот доранд. Бо назардошти ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии экологии мардум барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ масъалаи хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азиз Тоҷикистон як қатор қонунҳо, Барномаҳои давлатӣ, қарорҳои давлатию ҳукуматӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати экологии аҳолӣ қабул карда шуда, мавриди амалу татбиқ қарор ёфтанд ва барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод ба вуҷуд оварданд. Имрӯз масъалаи асосие, ки дар самти ҳифзи муҳити зист таҳти таваҷҷҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор   дорад, баланд бардоштани   сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, аз ҷумла наврасону ҷавонон, мебошад. Вобаста ба ин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми апрели соли 2021 таҳти №116  барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. Мақсади барномаҳои мазкур ташаккули ҷаҳонбинии нав аз тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои кулли аҳолии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дониш ва маҳорат дар амал мустаҳкам гашта, ин дар навбати худ ба ташаккулёбии малака ва таҷрибаи шахсӣ мусоидат менамояд.

Як масъалаи асосие, ки ба ифлос  шудани муҳити зист таъсири ҷидди мерасонад ин аз нодуруст истифода бурдани нақлиёти автомобилӣ мебошад.

Мушкилоти  бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ қисми таркибии  бехатарии экологии мамлакат ба шумор рафта, аҳамият ва шиддатнокии ин масъала сол аз сол афзуда истодааст.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки як автомобил ҳамасола аз атмосфера ба ҳисоби миёна зиёда аз 4 тонна оксигенро  ҷабида, ҳамзамон бо газҳои коркардшуда  тақрибан 800 кг гази карбон, 40 кг оксиди азот ва қариб 200 кг карбогидратҳои гуногунро  хориҷ мекунад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо сабаби аз ҳад зиёд ихроҷшавии моддаҳои заҳрдор аз нақлиёти автомобилӣ, давомнокии миёнаи ҳаёти сокинони шаҳр назар ба деҳот ба ҳисоби миёна 4-5 сол камтар мебошад.

Тибқи маълумоти таҳқиқотии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ яке аз сабабҳои бемориҳои дилу рагҳо, саратон, узвҳои нафаскашӣ  дар шаҳрҳо ихроҷи моддаҳои заҳрноки воситаҳои нақлиёт ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар, нақлиёти автомобилӣ ҳамчун сарчашмаи заҳролудкунандаи ҳавои атмосферӣ ба шумор меравад.

Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 28 ноябри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми сохтору мақомотҳои давлатӣ супориш доданд, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки вазифаи асосии боғу гулгаштҳо баҳри беҳтар шудани вазъи санитарию гигиенӣ, рекреатсионӣ, сохторӣ, банақшагирӣ ва ороишию зебоӣ равона шудаанд. Бояд ёдовар шуд, ки боғҳою гулгашту хиёбонҳо барои мӯътадилии микроиқлими шаҳр саҳми арзандае доранд, ки ин барои фаълияти мӯътадил ва истироҳати бофароғати меҳмонону сокинон басо муҳим аст. Дохили боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе бо тарҳи наву замонавӣ ва растаниҳои ороишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дарахтон дар рӯзҳои гарм ҳароратро паст ва намии таркиби ҳаворо афзун менамояд ва ин ба фаъолияти мӯътадили ҳаёти сокинони пойтахт ва саломатии онҳо мусоидат менамояд.

Аз таҳлилҳо маълум шудааст, ки инсон ва дигар организмҳо низ бештар ба фаъолияти мӯътадили растаниҳои сабз, ки аз худ моддаҳои бухоршавандаи зиёде ҷудо менамоянд барои маҳв намудани микроорганизмҳои касалиовар равона шудаанд. Дар ҳавои ҷангал миқдори мироорганизмҳои касалиовар назар ба ҳавои шаҳр 40-70 маротиба камтар аст. Рустаниҳо қобилияти паст намудани консентратсияи газҳои зарарноки таркиби ҳаворо низ доранд.

Боиси тазаккур аст, ки нақши растаниҳои сабз дар кам намудани заррачаҳои гарди таркиби ҳаво хеле назаррас аст. Онҳо то 70% зарраҳои гарди таркиби ҳаворо дар баргу пояи сабзи худ нигоҳ медоранд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки як гектар сафедорзори ҷавон дар муддати фаъолияти мавсимии худ бештар аз 340-400 кг гардро нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, дар таркиби ҳавои кӯчаю хиёбонҳои кабудизоршуда, маводи зараровар 3-5 маротиба кам мебошад. Растаниҳои сабз ҳатто қобилияти аз таркиби ҳаво полоиш намудани маводи радиоактивиро ҳам доранд. Растаниҳои сабз дар паст намудани таъсири садоҳои гуногун ба саломатии инсон аҳамияти нотакрор доранд. Фардҳое, ки бештар дар минтақаи таъсири овози баланд қарор доранд, на танҳо аз фаъолияти системаи узвҳои шунавоӣ, балки аз гардиши хун, камхунӣ, харобии системаи асаб, номӯътадилии фаъолияти меъдаю рӯдаҳо ва ғайра азият мекашанд. Яке аз чорабиниҳои асосие, ки барои пешгирии ин қабил муаммоҳо мусоидат мекунад, зиёд намудани майдони кабудизорҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон баҳри дуруст истифодабарии боғу гулгашт ва хиёбонҳо барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ мебошад.

Лозим ба ёдовари аст, ки тоҷикон қадимтарин бошандагони Осиёи Марказӣ буда, сафедиву покизагиро рамзи озодӣ, бахту иқболи сафед, ғалабаи нур бар зулмот, дурахши нур, рафтору пиндори некӣ мепиндоштанд ва ҳоло ҳам бар ҳамин ақида устувор мебошанд. Вобаста ба ин дар  асоси қарори Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардид ва бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташаббуси «900 рӯзи ободонӣ» пайваста амалӣ мешавад.

Ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ баҳри роҳ ба сӯи ояндаи сабз мебошад

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҳамешабаҳор, биҳишти рӯйи замин, сарчашмаи обҳои мусаффо, макони кӯҳҳои сар ба фалак ва осорхонаи зиндаи таърих аст. Бесабаб нест, ки танҳо ба хотири дидани табиати зебову афсунгари Ватани маҳбубамон ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ кишвари моро интихоб менамоянд. Аз ин рӯ, тозаву обод намудани ҳар гӯшаю канори он, кабудизору ҳамешасабз гардонидани табиати кишвар барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ вазифаи муқаддас ва масъулияти ҳар як шаҳрванди соҳибтафаккур ба шумор меравад.

Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои бунёдкоронаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мо сокинони пойтахт дар масъалаи муҳофизати муҳити зист, оқилона истифода бурдан ва афзун гардонидани сарватҳои он, ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он бо роҳи ҷуброни зарари расонида ба табиат барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ саҳми назаррас гузорем.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки ҳашарҳо, форуму машваратҳо бо ҷалби олимону мутахассисони моҳиру барҷаста дар сохтани ҷомеаи огоҳу ҳушманд, ба мисли шаҳру маҳаллаҳои ҳушманди ҷаҳон нақши калидӣ гузошта, зери шиори «Ҳамбастагӣ барои рушду нумуи ҷомеаи созгору солиму сарфароз» ва тавсияи шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ-«ҳар оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташ як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намояд», дар ободонии шаҳрамон барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ бояд саҳми созанда гузорем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аҷдодони мо аз қадимулайём субҳи содиқ манзили хеш атроф ва кӯчаҳои атрофи маҳалро тозаю озода намуда, бехи дарахтони сояафкан ва мевадиҳандаро нарм ва гулкорӣ менамуданд, ба ин назар будад, ки сирату сурати инсон бояд ҳаматарафа зебо бошаду даруну беруни ҳавлию масканашро бояд ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад. Зеро онҳо тозагию покизакориро воситаи ягона ё маърифати ҳуқуқи экологию гигиенӣ дониста, зери шиори «Тозагӣ- гарави саломатӣ» барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ амал мекарданд, ки насли имрӯза ин корро то имрӯз давом медиҳад.

Дар маҷмуъ метавон қайд намуд, ки доир ба беҳбуд бахшидани масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон, ҳамзамон ҳалли масоили тағйирёбии иқлим, норасогии оби нӯшокӣ ва таъмини амнияти экологии инсоният роҳ ба сӯи ояндаи сабз масъалаи меҳварӣ ва калидӣ маҳсуб мегардад. Дар заминаи мазкур, мо шаҳрвандонро зарур аст, ки дар самти ҳифзи масъалаҳои муҳити зист, беҳбуд бахшидани ҳудуди мамлакат ва боқӣ гузоштани як муҳити софу беғубор ва солим ба наслҳои оянда масъулияти шаҳрвандӣ, ва фардии худро барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ иҷро намоем.

ПЕШНИҲОДҲО

а) Дар натиҷаи таҳлилҳо  барои ҳадафҳо ва дурнамои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ 30 пешниҳоди банда дар ин самт чунин аст:

1. Барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ бояд мо тарбияи экологиро ба роҳ монем.  Дар дараҷаи аввал шахсро бояд чунон тарбия намоем, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк намояд, нисбат ба ҳолату вазъи муҳити атрофаш масъулият ҳис намояд. Барои тарбияи экологиро ба ҳадаф расонидан билофосила аз синни томактабӣ оғоз намуда, то интиҳои умри инсон идома додан лозим.

2. Оид ба баланд бардоштани савияи донишу маърифати экологии ҷавонон ва ноил шудан барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ ба ҳадафҳои рушди устувор дар системаи маърифати экологии ҷаҳонӣ аз таҷриба, усул ва шаклҳои гуногун истифода намуда, дар ин самт ба фаъолияти амалӣ ва таҳқиқотӣ такя намудан зарур аст.

3. Барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ ва баланд бардоштани савияи донишу маърифати экологӣ мо бояд ба мактаби экологӣ, театри экологӣ, бозию ҷашнҳои экологӣ, лагери экологӣ, туризми экологӣ, коргоҳи эҷодӣ, ҷамъияти илмии муҳассилин, маҳфилҳои экологӣ, мубоҳисаҳо, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, осорхонаи экологӣ, иқдому намоишҳо такя намоем, ки барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ нақши муассирро доро мебошад.

4. То имрӯз мушкилиҳои ҳалношуда ва масъалаҳои баҳсноки марбут ба мушкилоти экологӣ дар ҷумҳури мавҷуданд. Барои бартараф кардани мушкилоти мазкур аввалиндараҷа таҳқиқоти бештар ва фарогири сатҳи минтақавӣ гузаронида шавад.

5. Дар иртибот ба эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе «Соли маърифати экологӣ» Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, ки ҷиҳати ҳифз ва солимгардонии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ташаккули фарҳанги шаҳрнишинӣ барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ дар 50 нуқтаи осебпазири нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидавӣ насб намоянд. Амалӣ намудани чунин тадбири экологӣ, ҷиҳати риоя шудани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, саривақт пешгирӣ кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, зери назорати доимӣ қарор додан ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти аҳолӣ, беҳтар шудани вазъи экологии пойтахт ва умуман баланд бардоштани маърифати экологӣ барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.

6. Имрӯз баъзе шаҳрвандони кишвар ба тозагиву озодагии пойтахт беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, партовҳои худро ба замин ҳаво медиҳанд, ҳамчунин, ҳангоме, ки савори нақлиёти ҷамъиятӣ мешаванд партовҳоро дохили онҳо ва ё ба берун ҳаво медиҳанд, ки ин кирдорашон аз одобу ахлоқ, маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ баҳравар набудани онҳоро собит менамояд. Зарур аст, ки ҳар яки мо шаҳрамон ва дар маҷмуъ кишварамонро мисли хонаву кошонаи худ тозаву озода нигоҳ ва дӯст дорем, зеро Тоҷикистони азиз хонаи ҳар яки мо мебошад. Дар ин зимн, хуб мешуд, ки дар ноҳияҳои пойтахт қутиҳои партов бештар ҷойгир карда, ҳамчунин, дар дохили нақлиётҳои ҷамъиятӣ низ қутичаҳо барои партов ҷой дода шаванд. Дар дохили нақлиётҳои ҷамъиятӣ ҷойгир сохтани қутичаҳои махсус барои партов лозим буда, ба ин васила дохили онҳо тозаву озода нигоҳ дошта мешаванд.

7. Барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ василаи дигар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Вобаста ба ин  мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро мебояд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандон бештар ба роҳ монанд.

8. Барои дарки моҳияти маърифати экологии шаҳрвандони кишвар роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ на танҳо раванди таълим, балки шарҳвандонро барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус экологӣ, дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ омода намудан зарур аст.

9. Барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ сохторҳои дахлдори соҳа вазифадор гарданд, ки таъсиси фанҳои марбутаи экологияро дар муассисаҳои таҳсилотӣ самарабахш ва мукаммал  ба роҳ монанд.

10. Барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ зимнан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарро уҳдадор намудааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва маърифати экологии фарзанд чораҳо андешанд ва ба ӯ фарҳанги шаҳрнишиниро омӯзонанд. Вобаста ба ин дар муҳити оила низ бояд маърифати экологии фарзандон аз ҷониби масъулин ҷоннок ва баланд бардошта шавад.

11. Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вобастаи худ бударо вазифадор кунанд, ки олимон ва муҳаққиқони баландихтисосу соҳибтаҷриба номгӯи корҳои илмӣ, китобҳои илмӣ, таълимӣ, илмию методӣ, илмию оммавӣ ва барномаҳои таълимиро оиди роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ нашр намуда, вобаста ба омма бударо ба онҳо бо як масъулияти баланд ва саривақт дастрас намоянд.

12. Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вобастаи худ бударо вазифадор намоянд, ки омӯзгорони кафедраҳои экология дар баробари корҳои таълиму тарбия, инчунин ба таҳиқи масъалаҳои экологӣ, ҳифз ва истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиии Тоҷикистон баҳри роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ равона карда шаванд.

13. Донишмандону фаъолони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва Институтҳои илмӣ фаъолиятро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дастурномаи маърифати экологӣ ва гигиенӣ дониста, баҳри иҷрои он пайваста барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ бо як масъулияти баланд талош варзанд.

14. Сохторҳои дахлдори соҳа вазифадор карда шаванд, ки таълиму тарбия оиди роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ дар курси асосҳои экология, ки ба донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таълим дода мешавад ба таъмин ва дастгирии идеяи рушди устувор, ки муҳити зистро вайрон намекунад, балки биосфераи заминро ҳамчун хонаи умумии инсоният бе харобшавӣ нигоҳ медорад, равона карда шавад. Зеро омӯзиши маърифати экологӣ, ки асоси амнияти экологӣ мебошад дар ҳама сатҳҳо, оғоз аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ то муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои ноил шудан ба ҳадафи таъхирнопазир – коҳиш додани хатари экологӣ дар ҷаҳон равона шавад.

15. Бояд курсҳои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ новобаста аз самти тахассус хуб мешуд, таълим дода шавад.

16. Барои мақсаднок ва пурзӯр гардонидани ҳолати экологӣ ва пешгирӣ намудани мушкилоти экологӣ роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ муасисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳамкориҳои хешро бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монанд.

17. Бояд сохторҳои дахлдори соҳа вазифадор карда шаванд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ семинарҳои илмӣ ташкил карда шаванд, ки дар он паҳлуҳои асосии мушкилотҳои асосии экологӣ ба монанди тағйирёбии иқлим ва таъсири он, сӯрохшавии қабати озонӣ, боришоти ишқорӣ, мушкилоти партовҳои маишӣ ва саноатӣ, нестшавии гуногунии биологӣ, таъсироти фаъолияти инсон ба қабати ҳаётӣ ва ғайра баррасӣ шаванд. Инчунин,  маҳфили илмии донишҷӯёнро ташкил намуда, дар он мавзуъҳои гуногун дар бораи беҳтар гардонидани вазъи экологии муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии захираҳои обӣ, беҳтар кардани вазъи ҳавои атмосфера, баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ баррасӣ шаванд.

 18. Сохторҳои дахлдори соҳа қонунҳо ва барномаҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушти илми экология ва фанҳои табиатшиносӣ қабул шудааст, беш аз пеш бо як масъулияти баланд сармашқи кори худ қарор дода, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифанокии экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида оид ба ҳифз ва истифодаи табиат, кам кардани таъсири манфии инсон ба табиат ва нигоҳдории устувории муҳити зист тарбия намудан вазифадор карда шаванд.

19. Ҳар як кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мавзуи таҳқиқот доранд. Аз ин лиҳоз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдори соҳа муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро вазифадор намоянд, ки мавзуҳои кафедраҳои марбут ба экологияро доир ба омӯзиши мушкилоти экологӣ барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ дар минтақаҳои гуногуни табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шаванд.

20. Оид ба баланд бардоштани савияи донишу маърифати экологӣ, ки барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ асос мегузорад василаи дигар экологияи истихроҷи канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ (сел ва обхезиҳо), оқилона истифода бурдани сарватҳои табиии Тоҷикистон (замин ва об), таъсири омилҳои экологӣ ба маҳсулнокии биологии растаниҳои кишоварзӣ (пахта, гандум, офтобпараст, юнучқа) дар шароитҳои гуногуни иқлими Тоҷикистон корҳои илмӣ анҷом дода шавад.

21. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хусусан дар солҳои охир масъалаи маърифати экологии аҳолӣ дар сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти асосӣ маҳсуб ёфта, баҳри таъмини ташаккули маърифати экологӣ дар ин давра тадбирҳои сершумор амалӣ шудаистодаанд. Мо медонем, ки  дар тарбияи экологӣ ва омоданамоии мутахассисони соҳаи экология  муассисаҳои таҳсилотие, ки барои маърифати экологи захираи моддӣ-техникӣ доранд, асоси амнияти экологиро дарбар мегиранд. Аз ин лиҳоз барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ тарзи дурусти тарбия дар муассисаҳои таҳсилотӣ танҳо бо усулҳои муосир ба роҳ монда шавад.

22. Ҳангоми  истифодабарии нақлиёти автомобилӣ ва нигаҳдории тавсифҳои муҳаррики  он дар дараҷаи дахлдори ҳолати техникӣ беҳтар гардад, экологияи муътадил барои мо фароҳам меояд. Бинобар ин, лозим аст, ки низомҳои нави танзими ҳаракати нақлиёт ба роҳ монда шавад, ки ин имконияти бандшавии ҳаракати нақлиётро кам менамояд, чунки бозист ва аз нав суръат гирифтани автомобил назар ба ҳаракати он якчанд маротиба моддаҳои зарарнокро зиёдтар хориҷ мекунад. Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад аст, ки кӯчаҳои байни гузаргоҳҳои роҳҳо ва хонаҳои истиқоматӣ васеъ шуда, дар шаҳр шоҳроҳҳои иловагӣ сохта шаванд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар сурати амали намудани пешниҳоди мазку талаботи экологию санитарӣ ва беҳдошт дар сатҳи баланд қарор гирифта, таъсири манфии партовҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар таъсири номатлуби соҳа ба муҳити зист ва солимии аҳолӣ паст гардида, ҷиҳати беҳтар гаштани вазъ ва роҳ ба сӯи ояндаи сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ мусоидат хоҳад намуд, зеро ба он дигар воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла заминӣ, зеризаминӣ, ҳавоӣ низ дохил мешаванд. Ҳамаи онҳо моддаҳои заҳрнок ихроҷ менамоянд. Инчунин ҳангоми мавриди амал қарор додани пешниҳоди мазкур бисёр  масъалаҳо вобаста ба таъмини амнияти экологӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.

23. Бо сабабу омилҳои фаъолияти якҷояи xоҷагидории минтақавӣ дар замони Иттифоқи Советӣ сарватҳои табиӣ ғайриоқилона ва бе инобати талаботи муҳити зист истифода шудаанд, ки боиси сар задани мушкилоти обу замин гардидаанд. Ин ҳолат андешидани тадбирҳоро ҷиҳати истифодаи роҳу усулҳои муосири истифодаи обу замин дар минтақа ва ҷалби ниҳодҳои молиявии минтақавию байналмилали барои маблағгузории устувори соҳа тақозо менамояд. Вобаста ба масъалаи мазкур сохторҳои дахлдор вазифадор карда шаванд.

24. Ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллӣ бо манфиатҳои минтақавии экологӣ, ба инобат гирифтани ҳаққи табиат, таҳияи сиёсати муосири минтақавии экологӣ ва гузариш аз назария ба амалия шарти асосии ҳалли масоили минтақавии экологӣ мебошад. Барои ҳаллу фасл кардани масоили экологии минтақа масъулинро мебояд тавассути ҳамбастагӣ, ҳамгироӣ ва дар доираи ҳусни тафоҳуми тарафайн корро ҷоннок намоянд.

25. Бояд қайд намуд, ки дар баланд бардоштани маърифти экологии ҷавонон дар муасисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ  омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, ба монанди биология, химия, физика, биоэтика, этикаи экологӣ, тиб, география, нуҷум, мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулода аҳамияти назарррас доранд. Раванди тадриси ин фанҳо бояд ба ташаккулёбии ҳисси табиатдӯстии онҳо, муносибати гуманӣ доштан бо табиат, волидайн, хешу табор ва бо дигар зиндаҳо мусоидат намояд. Инчунин ҳар як фард бояд дарк намояд, ки ҳалли масъалаҳои экологӣ бе ҳифзи табиат ва оқилона истифода бурдани сарватҳои он номумкин аст ва дар замири онҳо нисбат ба ҳолату вазъи муҳити зисташон ҳисси масъулият, ӯҳдадорӣ ташаккул ёбад зарур аст.

26. Таваҷҷуҳи хосаи давлат ба мушкилоти экологии сатҳҳои гуногун, ки дар сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, мебояд ба тарбияи насли наврас дар руҳияи муносибатҳои гуманистӣ ба табиат, софу покиза нигоҳ доштани обу ҳаво, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии мавҷуда ва амсоли онҳо асос ёбад. Ноил гардидан ба ин мақсад масъулияти баланди омӯзгориро дар ҳама зинаҳои таҳсилот тақозо ва талаб менамояд. Зеро, алҳол дар назди башарият, аз ҷумла ҷомеаи кишвар масъалаҳои бағоят душвор, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои табиӣ гузошта шудааст. Дар ҳалли ин масъала роҳу воситаҳои самарабахшро ҷустуҷӯ ва истифода кардан зарур аст, ки табиат ҳаёти солими наслҳои ояндаи инсониятро таъмин намояд. Падару модар ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, вазифадоранд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи муносибати ғамхорона ва масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист тарбия намоянд.

27. Дар Тоҷикистон бисёр хонаҳои истиқоматӣ, боғу роғҳо дар селроҳаҳо бунёд мешаванд. Аз ин рӯ, соҳилбандии чунин дарёҳо баҳри эмин нигоҳ доштани ин мавзеъҳо аз хатари селфароӣ дар мадди аввал меистад ва дар ин ҷойҳо низ заминҳои санглох хеле зиёданд, бинобар ин мелиоратсияи ин заминҳо дар оянда аз аҳамият холӣ нест. Мустаҳкам кардани соҳили дарёҳо имконият медиҳад, ки масоҳати заминҳоро қад-қади соҳилҳои дарёҳо васеъ намоем, хусусан барои инкишофи соҳаи шолипарварӣ муфид мебошад.

28. Ба танзим даровардан ва имконияти истифодаи обҳои сатҳӣ, ҳифз ва тоза нигоҳ доштани дарёҳо (экологияи обҳои сатҳӣ) яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

29. Васеъ намудани масоҳати ҷангалҳо эрозияи соҳилиро паст намуда, онҳоро аз вайроншавӣ эмин медорад.

30. Барои пешгирии коҳиши пиряхҳо дар Тоҷикистон мониторинги пиряхҳо ташкил карда шавад, то ин ки динамика ва сабабҳои деградатсияи онҳо аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шавад.

ПЕШНИҲОДҲО

б) Дар натиҷаи таҳлилҳо  роҳҳои асосии пешгирӣ ва ё лоаққал паст намудани сатҳи тағйирёбии иқлимро ҷудо намудан мумкин аст, ки миёни онҳо 5 ҳолати асосиро банда пешниҳод намудам чунин аст:

1. Бо миқдори муайян поён бурдан ва лоаққал нигоҳдории баландшавии ҳарорат дар кураи Замин;

2. Таъсири харобиовари инсонро ба муҳити зист кам намудан лозим аст;

3. Дар Осиёи Марказӣ пешгирии ҳолати хушкшавии баҳри Арал ва Кули Балхаш лозим аст;

4. Истифодаи дурусту самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ (захираҳои об, замин, атмосфера, олами ҳайвоноту наботот, флора, фауна, гуногунии олами биологӣ ва ғайраҳо) лозим аст;

5. Ба ҳифзи захираҳои обӣ ва энергия ҷорӣ намудани технологияи инноватсионии мусоидаткунанда зарур аст.

МИРЗОЕВ САМАРИДДИН

Унвонҷӯи Донишгоҳи

миллии Тоҷикистон