“Садои мардум”: Норасоиии муассисаҳои томактабӣ мушкилоти ҷиддӣ аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ чоп карда,  дар ин миён бозтоби муҳимтарин нукот аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ дар меҳвари матолиби аксари рӯзномаву ҳафтаномаҳо қарор дорад.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 август бо нашри матлабе аз раванди амалишавии  Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки ахиран кормандони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ сабабу омил ва ангезаҳои шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа Манзура Қурбонова, прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ гуфт, ки низоми маориф ва кор бо ҷавонон натавонистаанд, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи худогоҳӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ ва муҳаббат ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, онҳоро бо донишҳое мусаллаҳ намоянд,  то дар шинохту маърифати равандҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон қодир бошанд.  Дар идома таъкид мешавад, ки сабаби асосии иҷро нагардидани Нақшаи амал аз ҷониби ниҳодҳои масъул ин дуруст сарфаҳм нарафтан ба моҳияти асосии чорабиниҳои дар ин ҳуҷҷат пешбинигардида ва тартиби иҷрои онҳо мебошанд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин бо нашри матлабе аз мушкилоти беобӣ дар бархе деҳоти шаҳри Панҷакент интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф, мушкилоти бо оби полизӣ таъмин кардани деҳаи Ғӯсари деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аз мушкилоте аст, ки ба гумони ғолиб боз то як чорсолаи дигар низ ҳамчун муаммои сарбаста боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи кишоварзи таҷрибадор Исрофил Қодиров, канали Марғедар  фарсуда шудааст ва имкони бо об пурра таъмин кардани хоҷагиҳоро надорад. Он бояд пурра навсозӣ ва васеъ шавад, то мардум аз мушкилоти беобӣ бираҳад. Дар ин сурат, заминҳои дигарро, махсусан дар деҳаи Дашти Малла, ба гардиши кишоварзӣ даровардан мумкин аст,

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 5 август мақолае “Муассисаҳои томактабӣ намерасанд. Чӣ бояд кард?” чоп карда, масъалаи норасоии кӯдакистонҳо дар кишварро матраҳ кардааст.

Ба навишати муаллиф, соли 2019 «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шуд, ки мебоист муҷиби ҳалли бисёр мушкилоти соҳа мегашт. Аммо дар доираи барномаи нав, ки то анҷоми он ҳамагӣ 1,5 соли дигар боқӣ мондааст, проблемаҳои соҳа қисман бартараф шуданду халос.

Да идомаи матлаб зикр мешавад, ки тибқи таҳлилҳо ҷалби кӯдакони пойтахт ба таълиму тарбияи томактабӣ нисбатан хуб буда, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳо мунтазам беҳтар мешаванд, вале масъала дар минтақаҳо, хоса дар деҳот, ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Бо ин сабаб ҳоло наздики 80 дарсади кӯдакони вилояти Хатлон, ҳамин миқдор дар вилояти Суғд, аз таълиму тарбияи томактабӣ бебаҳраанд. Ҳолат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ин беҳтар нест.

Бар замми ин, дар муассисаҳои мавҷуда ҳамоно норасоии мутахассисони соҳибмаълумот, аз меъёр зиёд будани тарбиятгирандагон ба назар мерасад. Аз сӯи дигар ба гуфтаи муаллиф, дар ҳоле ки талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои томактабӣ сол ба сол меафзояд, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳанӯз баъзе муассисаҳои томактабӣ тобеи муассисаи дигаранд ва ё шахсӣ шудаанд.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар дод, ки дар деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз намуд. Барои сохтмони ин коргоҳ ва воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ 8 миллион сомонӣ харҷ  гардидааст.

Дар корхонаи мазкур истеҳсоли 6 номгӯи  гулоб аз пудина, биҳӣ, гули заъфарон, гули муҳаммадӣ, гули тархун ва равғани эфир ба роҳ монда шудааст.  Бино ба иттилои масъулин, 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 320 кас ба корҳои мавсимӣ ҷалб хоҳанд шуд. Аҳли корхонаи мазкур дар 3 гектар лаванди осиёӣ ва аврупоӣ ва дар масоҳати 24 гектар гули муҳаммадӣ кишт ва парвариш намуданд. Гиёҳҳои шифобахши пудинаи боғӣ, янтоқ  ва заъфарон ҳамчун намуна кишт ва парвариш гардида, барои дар оянда коркард шудан захира шудаанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 7 август зимни натиҷагирӣ аз нишасти матбуотии ширкати “Барқи тоҷик” ин саволро матраҳ кардааст, ки маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар кай аз байн меравад? 

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» дар посух ба ин савол гуфт, то вақте ки неругоҳи “Роғун” ба пуррагӣ ба фаъолият сар накунад, мушкили норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва танҳо “Роғун” метавонад ин масъаларо ба пуррагӣ аз миён бардорад.

Ғайр аз ин, Ёдгорӣ зикр кард, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ талабот ба неруи барқ ба ҳисоби миёна 9% зиёд мешавад, аммо истеҳсоли дар сатҳи пештара боқӣ мемонад, зеро сохтмони неругоҳҳои нав 10-15 солро талаб мекунад

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлабе дигаре аз ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ натиҷагирӣ кардааст.  Аз ҷумла гуфта мешавад, ки аввали моҳи июли соли 2024 бақияи умумии пасандозҳо 21,1 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 24,1 фоиз зиёд мебошад. Қобили қайд аст, ки аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи он бо пули миллӣ 61,1 дарсад ва бо асъори хориҷӣ 38,9 дарсадро ташкил намуд.

Инчунин гуфта мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасонӣ ба маблағи 12,8 млрд сомонӣ анҷом дода шуд. Ҳамин тариқ дар ин муддат таносуби ҳиссаи амалиётҳои гирифтани пули нақд ва амалиётҳои ғайринақдӣ 75 фоиз ба 25 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ 8,4 дарсад зиёд гардидааст.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 8 август хабар дод, ки дар Тоҷикистон аз ин пас ҳангоми ворид кардани телефонҳо ба ин кишвар 15 дарсад боҷи гумрукӣ ситонида мешавад. То кунун шаҳрвандони кишвар имкон доштанд рамзи IMEI-и як телефонро ройгон сабти ном кунанд.  Ба навишати нашрия, Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти мутботии ин ниҳод гуфт, ки дар ин кишвар расмиёти гумрукии имтиёзнок барои воридоти телефонҳо лағв шудааст.

Ба гуфтаи вай, тартиби воридоти имтиёзноки телефонҳо тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 31 июли соли 2024, лағв шудааст. Азим Турсунзода ҳамчунин афзуд, ки аз оғози сабти ҳатмии рамзи IMEI ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 11 миллион доллар боҷи гумрукӣ ворид шуд. 

«231 479 адад телефон бо арзиши гумрукии 80 миллион доллар тариқи расмиёти имтиёзнок ва комилан ройгон сабти ном шуд. Ҳамзамон 525 621 адад дастгоҳи телефон бо арзиши гумрукии 47,1 миллион доллар бе имтиёз ба қайд гирифта шуд», – афзуд Турсунзода. Қаблан ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон шаҳрвандон имкон доштанд як телефон барои истифодаи шахсиро ройгон сабти ном кунанд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”