Баргузории машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат

Аз 18 то 20 ноябри соли 2025 дар шаҳри Ваҳдат, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ баргузор карда шуданд. Дар бора аз КҲФ ба радиои «Тоҷикистон» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, машқҳо дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» баргузор гардидааст.

Дар ҷараёни машқ шартан ҳолати фавқулодаи табиӣ ба амал омада, зернизомҳо ва хадамотҳои дахлдор тибқи нақшаи ҳамоҳангсозӣ фаъолона амал намуданд. Қувваҳои наҷотдиҳӣ ва сохторҳои марбута корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ, кӯмакрасонии аввалия ва эвакуатсияи аҳолиро иҷро карда, сокинонро аз минтақаи хатар ба ҷойҳои бехавф интиқол доданд ва бо хӯроки гарми яквақтаина таъмин намуданд.

Дар рафти чорабинӣ Раиси шаҳри Ваҳдат баромад намуда, баргузории чунин машқҳоро барои таҳкими омодагии мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои наҷотдиҳӣ муҳим арзёбӣ кард.

Роҳбарии умумии машқҳо, полковник Мирмаҳмадзода Манучеҳр, зимни суханронии худ аз ҳамкории наздики ҳамаи сохторҳо изҳори миннатдорӣ намуда таъкид намуд, ки баргузории чунин машқҳо имконият медиҳад, то амалҳои ҳамоҳангсозӣ дар ҳолати воқеӣ боз ҳам такмил ёбанд.
Дар анҷоми машқҳо, барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар ташкил ва гузаронидани чорабинӣ як қатор масъулин ва ташкилкунандагон бо ифтихорномаҳои Кумита ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат сарфароз гардонида шуданд.