Имрӯз дар 33-юмин бозиҳои тобистонаи олимпӣ Тоҷикистонро аз риштаи гӯштини тарзи озод дар вазни то 74 кг Виктор Рассадин намояндагӣ кард.
Рассадин дар даври 1/8 ниҳоӣ муқобили варзишгари юнонӣ, қаҳрамони Аврупо оид ба гӯштин, Йоргас Кюмтисиди 23-сола рақобат намуда, бо ҳисоби 8 бар 2 пирӯз гардида ба даври 1/4 ниҳоӣ баромад.
Рассадин дар даври 1/4 ниҳоии бозиҳои олимпӣ, бо варзишгар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Лу Фенг нерӯ санҷида, бо ҳисоби 7 бар 4 ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ баромад.
Виктор Рассадин пас аз 12 сол ягона намояндаи Тоҷикистон аз гӯштини тарзи озод дар Олимпиадаи Париж -2024 аст. Паҳлавони 30 солаи тоҷик Виктор Рассадин (-74 кг) моҳи май дар мусобиқаи ҷаҳонии “Интихоби бозиҳои Олимпӣ-2024” дар Туркия роҳхати олимпиро оид ба гӯштини тарзи озод ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки то ҳол Тоҷикистон 3 медали олимпӣ дорад, ки ҳар сеаш медали биринҷӣ мебошад. Медалҳои Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов аз риштаи ҷудо ва Давлат Болтаев аз бокс ба даст оварданд.