РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТА

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии бошукуҳи осоишта таҳти унвони «Парчам – муаррифгари миллат» баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим аз Майдони Истиқлол оғоз ёфта, то Майдони Парчами давлатӣ идома кард. Дар он зиёда аз 20 ҳазор ҷавонони фаъол, кормандони муассисаҳои давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва намояндагони касбу кори мухталиф иштирок намуданд.

Дар Майдони Парчами давлатӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ансамблҳо, ҳунармандон ва ҷавонони соҳибистеъдод доир шуд, ки руҳияи идонаи рӯзро боз ҳам пуррангтар намуд.

Бояд қайд кард, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ на танҳо нишонаи истиқлолу соҳибихтиёрии кишвар, балки таҷассумгари ваҳдати миллӣ ва гиромидошти таъриху фарҳанги тоҷикон маҳсуб меёбад. Муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам, ҳар шаҳрвандро водор месозанд, ки дар ҳифзи обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Чорабинии имрӯза бори дигар нишон дод, ки эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ дар ҷомеаи тоҷикон, бахусус миёни ҷавонон, рӯ ба афзоиш аст ва ин суннати миллӣ минбаъд низ бо ифтихор идома меёбад.

Муҷиддини Сайфиддин,
радиои «Тоҷикистон»