Таҷлил аз Рӯзи парчами давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши минтақавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон — рамзи истиқлолият, сарчашмаи ифтихори миллӣ ва муаррифгари Точикистон ба ҷаҳониён» дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Абдураҳимзода Шоира, директори КВД «Маркази хизматрасониҳои иттилоотии сайёҳӣ» Каримзода Тоҳир, олим ва арбоби давлатии тоҷик, узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева, сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти рушди сайёҳии Кумита Қодирзода Сайёд, ва дигар шахсони даъватшуда иштирок ва баромад намуданд.
Ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён пас аз ҳамоиш аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳр, ба хусус ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Баҳор» воқеъ дар дараи зебоманзараи Ромит дидан намуданд.