ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Сокинони сарбаланди пойтахт!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик яке аз санаҳои муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад, самимона табрик менамоям.

Парчами давлатӣ рамзи муқаддаси давлатдории миллӣ буда, се ранги пурмаънои он ҳувият, таърих ва моҳияти давлатдории тоҷиконро таҷассум мекунад.

Қабули парчами кишвар дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ ба халқи мо неруи тоза бахшид, мардумро муттаҳид сохт ва барои барқарории сулҳу суботи миллӣ заминаи устувор гузошт.

Парчам эҳсоси ифтихор, ватандӯстӣ ва худшиносии ҳар шаҳрвандро бедор мекунад ва арҷгузорӣ ба он нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

Бахусус, наврасону ҷавонони сарбаланди мо имрӯз ба Парчами давлатӣ бо эҳтироми хос муносибат карда,  онро рамзи осудагии Ватан медонанд ва ҳамеша мекӯшанд то дар ҳама ҷодаи фаъолият онро бо ифтихор боло бардошта, аз давлату миллати худ шарафмандона ва ба таври шоиста муаррифӣ кунанд.

Мо вазифадорем, ки зери Парчами миллӣ муттаҳид бошем, манфиатҳои миллату давлатро ҳимоя кунем, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро тақвият диҳем ва мақому нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Бигзор Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландии миллати тоҷик ҷовидона парафшон бошад!

Бори дигар, кулли ҳамдиёрон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо Рӯзи Парчами давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба ҳар як хонадони кишвар осудаҳоливу фаровонӣ, бахту саодат ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно дорам.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод!