Дар раддабандии нави дастаҳои миллӣ, ки 19 ноябр дар сомонаи расмии ФИФА нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафт.
Тими миллии Тоҷикистон ҳоло дар рейтинги нави ФИФА дар ҷойи 101-ум қарор дорад. Дастаи мо 1224,93 имтиёз дорад – 4.72 имтиёз бештар аз нашри қаблӣ.
Моҳи ноябр яккачини Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 як бозӣ анҷом дод, ки дар он Тимори Шарқиро бо ҳисоби 5:0 мағлуб намуд.
Дар байни дастаҳои Осиё тими миллии Тоҷикистон айни замон дар мавқеи 17-ум қарор дорад.
