Даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» идома дорад. Имрӯз довталабон танҳо аз наминатсияи «Адабиёти класики тоҷик» баромад карданд. Намитансияҳои «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ», «Адабиёти муосири тоҷик» ва «Адабиёти ҷаҳон» аллакай ҷамъбаст гардиданд.
То анҷоми даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 рӯзҳои ба шумор мондааст. Имсол довталабон бештар дар наминатсияи «Адабиёти класики тоҷик» иштирок намуданд. Хайрина Ғайратшо донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев иштирокчии озмун аз рӯи наминатсияи «Адабиёти класики тоҷик» мебошад. Ӯ хушҳол аст, ки давоми ду соли иштирок дар озмун ҷаҳонбинии маънавӣ ва фикрронии худро тақвият додааст.
Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари андӯхтани илму дониш, ҳамчунин ҳиси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонону наврасонро низ боло мебарад. Анушервон Раҳимов донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Данғара буда, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи «Адабиёти класики тоҷик» иштирок намуд. Ӯ аз баромади имрӯзаи худ қаноъатманд аст ва хушҳол аст, ки тавассути озмун ҷаҳонбинии маънавии худро боло бурдааст. Бояд қайд намуд, ки имсол дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 435 довталаб аз тамоми қаламрави кишвар иштирок намуданд. Ба ҳама иштирокчиёни ин давр баъд аз баромадашон сертификат ва туҳфаҳо тақдим гардид.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»
