Гузаронидани 4 ҳазору 412 санҷиш ва  боз шудани 2 535 парвандаи ҷиноятӣ  аз ҷониби  Прокуратураи генералӣ

Имрӯз нишасти матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни нишаст гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҳазору 412 санҷиш гузаронида, 2 535 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намуд, ки дар натиҷа 41 ҳазору 300 нафар ба чавобгариҳои гуногун кашида шуда, ҳукуку манфиатҳои 115 ҳазору 600 нафар барқарор гардид. Дар натиҷа 815 млн сомонӣ маблағи зарар рӯёнида шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 41.1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Юсуф Раҳмон Прокурори генералии кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 670 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 2990 амру пешниҳод ва 1500 эътироз оварда шуд, ки дар натиҷаи санҷиш 83 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Дар ин росто 4970 нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шуда, 2, 5 млн сомонӣ маблағи зарар баркарор карда шудааст. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки:

Дар идомаи нишаст Юсуф Раҳмон Прокурори генералии кишвар қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои дахолат ба фаъолияти соҳибкорон ва дигар қонунвайронкуниҳо 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 180 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгариҳои интизомию маъмурӣ кашида шуданд.

Ҳамчунин дар нишаст Ҳабибулло Воҳидзода муовини Прокурори генералии кишвар гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Прокуратураи ҳарбӣ 423 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки дар нисбат ба шамин давраи соли гузашта 4 ҳолат зиёд аст.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки барои вайрон кардани танзими ҷашну маросим 1100 нафар ва таълиму тарбияи кӯдак 3089 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 138 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ ва 230 таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 329 нафар ошкор ва чораандешӣ карда шуд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”